https://sputnik.tj/20230518/lavrov-rusiya-omodaast-bo-tamomi-kishvarhoi-jahoni-islom-hamkorii-nazdik-doshta-boshad-1057218313.html
Лавров: Русия омодааст бо тамоми кишварҳои ҷаҳони ислом ҳамкории наздик дошта бошад
Лавров: Русия омодааст бо тамоми кишварҳои ҷаҳони ислом ҳамкории наздик дошта бошад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, муҳим аст миёни тамоми кишварҳо баробарӣ бошад ва Русия барои ҳамкории зич бо дӯстон аз кишварҳои ҷаҳони ислом омода аст
2023-05-18T19:15+0500
2023-05-18T19:15+0500
2023-05-18T19:15+0500
русия
дар русия
сергей лавров
ҷаҳони ислом
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057215112_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_bca111463344c994323ca4257686daa6.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Русия омодаи ҳамкории зич бо кишварҳои ҷаҳони ислом аст.Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар паёми табрикотии видеоии худ ба иштирокчиёни Форуми XIV байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" изҳор дошт.Ба гуфтаи вай, вазорати хориҷаи Русия аз кори ин ҳамоиш ҳаматарафа ҳимоят мекунад.Вай кайд кард, ки Маскав бо кишварҳое, ки мавқеъашон мувофиқ ё нба мавқеи мо наздик аст, хамкорӣ хохад кард.Лавров афзуд, ки Русия ва дигар давлатҳоро мавқеъи муштараки ба роҳ мондани ҳамкорӣ бар пояи принсипҳои баробарӣ, баррасии мутақобилаи манфиатҳо ва ҷустуҷӯи тавозун муттаҳид мекунад.Ин аст, ки ҳамкориҳои миёни Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом дар тамоми арсаҳои байналмилалӣ сурат мегирад.Вай инчунин қайд кард, ки мавзӯи бисёрқутбӣ хеле муҳим аст. Ба гуфтаи вай, таҳкими низоми нави одилона ва демократии ҷаҳон муҳим аст."Марказҳои нави ҷаҳонӣ дар АвруОсиё, минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, Ховари Миёна, Африқо, Амрикои Лотинӣ дар бахшҳои мухталиф бар пояи истиқлолият, соҳибихтиёрии давлат ва ҳувияти фарҳангиву тамаддунӣ ба комёбиҳои назаррас ноил мешаванд", - таъкид кард вазири хориҷаи Русия.Айни замон ин давлатхо пеш аз хама манфиатхои миллиро рӯи даст гирифта, сиёсати мустакилона мегузаронанд.Вай дар охири суханрониаш гуфт, Русия ба хамкории зич бо дустони ҷаҳони ислом омода аст.
https://sputnik.tj/20230518/lukashenko-spad-dasti-hadigar-bigirand-1057215787.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057215112_67:0:2796:2047_1920x0_80_0_0_d5ed4aae60f46d856bb080faec56240b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ҷаҳони ислом, кишварҳои мусалмонӣ, омода ҳамкорӣ, равобит, лавров
русия, ҷаҳони ислом, кишварҳои мусалмонӣ, омода ҳамкорӣ, равобит, лавров
Лавров: Русия омодааст бо тамоми кишварҳои ҷаҳони ислом ҳамкории наздик дошта бошад
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, муҳим аст миёни тамоми кишварҳо баробарӣ бошад ва Русия барои ҳамкории зич бо дӯстон аз кишварҳои ҷаҳони ислом омода аст
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Русия омодаи ҳамкории зич бо кишварҳои ҷаҳони ислом аст.
Дар ин бора вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар паёми табрикотии видеоии худ ба иштирокчиёни Форуми XIV байналмилалии иқтисодии "Русия - ҷаҳони ислом: KazanForum" изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, вазорати хориҷаи Русия аз кори ин ҳамоиш ҳаматарафа ҳимоят мекунад.
Вай кайд кард, ки Маскав бо кишварҳое, ки мавқеъашон мувофиқ ё нба мавқеи мо наздик аст, хамкорӣ хохад кард.
"Мо аз рӯи анъана муносибатхои дустонаро бо аксари кишварҳо ҷаҳони ислом тақвият медихем”, — гуфт вай.
Лавров афзуд, ки Русия ва дигар давлатҳоро мавқеъи муштараки ба роҳ мондани ҳамкорӣ бар пояи принсипҳои баробарӣ, баррасии мутақобилаи манфиатҳо ва ҷустуҷӯи тавозун муттаҳид мекунад.
"Мо ҳамеша аз гуногунии фарҳангӣ ва тамаддунии миллатҳои ҷаҳон пуштибонӣ мекунем. Барои муайян кардани самту роҳҳои рушди худ ин ҳаққи табии онҳост", - таъкид кард Лавров.
Ин аст, ки ҳамкориҳои миёни Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом дар тамоми арсаҳои байналмилалӣ сурат мегирад.
Вай инчунин қайд кард, ки мавзӯи бисёрқутбӣ хеле муҳим аст. Ба гуфтаи вай, таҳкими низоми нави одилона ва демократии ҷаҳон муҳим аст.
"Марказҳои нави ҷаҳонӣ дар АвруОсиё, минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором, Ховари Миёна, Африқо, Амрикои Лотинӣ дар бахшҳои мухталиф бар пояи истиқлолият, соҳибихтиёрии давлат ва ҳувияти фарҳангиву тамаддунӣ ба комёбиҳои назаррас ноил мешаванд", - таъкид кард вазири хориҷаи Русия.
Айни замон ин давлатхо пеш аз хама манфиатхои миллиро рӯи даст гирифта, сиёсати мустакилона мегузаронанд.
Вай дар охири суханрониаш гуфт, Русия ба хамкории зич бо дустони ҷаҳони ислом омода аст.