https://sputnik.tj/20230517/qohir-rasulzoda-vorid-qazon-1057182711.html
Қоҳир Расулзода вориди Қазон шуд
Қоҳир Расулзода вориди Қазон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳошияи нишасти байналмилалии "Русия - Ҷаҳони Ислом" дар шаҳри Қазон сарвазири Тоҷикистон бо раиси Тотористон мулоқот хоҳад дошт
2023-05-17T14:30+0500
2023-05-17T14:30+0500
2023-05-17T14:30+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
қоҳир расулзода
қазон
тотористон
боздид
форум
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102389/53/1023895387_0:124:1600:1024_1920x0_80_0_0_aeadeded3ce7e67b72af5ed4c2fe6e55.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар садр як ҳайати баландпоя вориди Қазон шуд, хабар додааст дафтари матбуоти раиси Тотористон. Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон, Қоҳир Расулзодаро сарвазири Тотористон Алексей Песошин ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд. Ҳадафи аслии сафар ширкат дар чорабиниҳои Форуми XIV байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом. Форуми Kazan 2023" арзёбӣ шудаст. Дар мавриди барномаи сафари Расулзода барои 17 май иттилоъ дода шуд, ки бо раиси Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот карда, аз Технопарки ба номи ба номи В. Башир Рамеев боздид мекунад. Қаблан дафтари матбуоти форуми мазкур, дар феҳрасти иштирокдрон аз Тоҷикистон инчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Палатаи савдо ва саноат, Ҷумахонзода Ҷамшед ва дигаронро ном бурда буд. Ёдовар мешавем, Форуми "Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum" платформаи асосии ҳамкориҳои тиҷории Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом мебошад. Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳкими равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни манотиқи Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 57 давлатро дар бар мегирад, мебошад.
https://sputnik.tj/20230515/malum-shud-ki-dar-forumi-baynalmilalii-iqtisodii-qazon-tojikistonro-ki-muarrifi-mekunad-1057118091.html
қазон
тотористон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102389/53/1023895387_36:0:1564:1146_1920x0_80_0_0_69c19e8eb9d13a3d8beede2ea5168fff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қоҳир расулзода, мулоқот, раис, тотористон, сафар
қоҳир расулзода, мулоқот, раис, тотористон, сафар
Қоҳир Расулзода вориди Қазон шуд
Дар ҳошияи нишасти байналмилалии "Русия - Ҷаҳони Ислом" дар шаҳри Қазон сарвазири Тоҷикистон бо раиси Тотористон мулоқот хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар садр як ҳайати баландпоя вориди Қазон шуд, хабар додааст дафтари матбуоти раиси Тотористон.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон, Қоҳир Расулзодаро сарвазири Тотористон Алексей Песошин ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.
Ҳадафи аслии сафар ширкат дар чорабиниҳои Форуми XIV байналмилалии иқтисодии "Русия – ҷаҳони ислом. Форуми Kazan 2023" арзёбӣ шудаст.
Дар мавриди барномаи сафари Расулзода барои 17 май иттилоъ дода шуд, ки бо раиси Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот карда, аз Технопарки ба номи ба номи В. Башир Рамеев боздид мекунад.
Қаблан дафтари матбуоти форуми мазкур, дар феҳрасти иштирокдрон аз Тоҷикистон инчунин раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, раиси Палатаи савдо ва саноат, Ҷумахонзода Ҷамшед ва дигаронро ном бурда буд.
Ёдовар мешавем, Форуми "Русия - Ҷаҳони Ислом: KazanForum" платформаи асосии ҳамкориҳои тиҷории Русия ва кишварҳои ҷаҳони ислом мебошад.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш таҳкими равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ, таълимӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ миёни манотиқи Русия ва кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ, ки 57 давлатро дар бар мегирад, мебошад.