https://sputnik.tj/20230516/emomali-rahmon-chin-1057145874.html
Эмомалӣ Раҳмон вориди Чин шуд: президентро чӣ гуна пешвоз гирифтанд?
Эмомалӣ Раҳмон вориди Чин шуд: президентро чӣ гуна пешвоз гирифтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Ба хотири пазироии кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин партавафшонӣ карданд
2023-05-16T16:51+0500
2023-05-16T16:51+0500
2023-05-16T17:08+0500
эмомалӣ раҳмон
президент
чин
си ҷинпин
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057145541_0:103:3072:1831_1920x0_80_0_0_befbecb38e350a0a8c7159992a8612e0.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Чин шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи Пекин, ки идона ороста шуда буд, кишвардорро намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари ҳамсояи Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.Интизор меравад, ки дар ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқот кунад.Мавзуи асосии гуфтугӯҳо таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ хоҳад буд, меафзояд манбаъ.Ҳамчунин, дар доираи сафари давлатӣ, президент дар ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми "Осиёи Марказӣ-Чин" ширкат мекунад.Президентро дар сафар ёвараш дар умури робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси КДАМ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, президенти Академияи миллии улум ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.Нахустин парвози Раҳмон бо ҳавопаймои нави президентӣ - видеоҚаблан намояндаи расмии ВУХ-и Чин Хуа Чунъин, иттилоъ дода буд, ки сафари сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20 май дар сурат мегирад.Мавзеи ҳамоиши сарори кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ шаҳри Сиан гуфта шуда, интизор меравад, нишаст рӯзҳои 18-19 май дар музофоти Шэнси таҳти раёсати Си Ҷинпин баргузор гардад.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/10/1057145541_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_a4e511dee3bd39c53913f4745f83b44b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон, чин, ворид
Эмомалӣ Раҳмон вориди Чин шуд: президентро чӣ гуна пешвоз гирифтанд?
16:51 16.05.2023 (Навсозишуда: 17:08 16.05.2023) Ба хотири пазироии кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон горди фахрӣ саф ороста, парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин партавафшонӣ карданд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Чин шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии кишвардор.
Гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи Пекин, ки идона ороста шуда буд, кишвардорро намояндагони воломақоми ҳукумати кишвари ҳамсояи Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Интизор меравад, ки дар ин сафар, Эмомалӣ Раҳмон бо раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ мулоқот кунад.
Мавзуи асосии гуфтугӯҳо таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ хоҳад буд, меафзояд манбаъ.
Ҳамчунин, дар доираи сафари давлатӣ, президент дар ҳамоиши сатҳи баланди саммити якуми "Осиёи Марказӣ-Чин" ширкат мекунад.
Президентро дар сафар ёвараш дар умури робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси КДАМ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, президенти Академияи миллии улум ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Қаблан намояндаи расмии ВУХ-и Чин Хуа Чунъин, иттилоъ дода буд, ки сафари сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20 май дар сурат мегирад.
Мавзеи ҳамоиши сарори кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ шаҳри Сиан гуфта шуда, интизор меравад, нишаст рӯзҳои 18-19 май дар музофоти Шэнси таҳти раёсати Си Ҷинпин баргузор гардад.