Таъсиси маркази муосири логистикӣ дар Бӯстон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд аз Русия

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдТаъсиси маркази муосири логистикӣ дар Бӯстон
Таъсиси маркази муосири логистикӣ дар Бӯстон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Обуна шудан
Мақомоти Суғд мегӯяд тавассути маркази муосири логистикӣ ҳамлу нақли маҳсулот бо роҳи оҳан ва нақлиёти боркаш ба роҳ монда мешавад
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Дар заминаи Корхонаи воҳиди давлатии "Фулузоти нодири Тоҷикистон", ки дар шаҳри Бӯстон ҷойгир аст, маркази муосири логистикӣ таъсис меёбад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо таъсиси ин маркази логистикӣ дар вилоят ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад.
“Маркази логистикӣ дар якҷоягӣ бо шарикони рушд аз Русия ташкил гардида, тавассути он ҳамлу нақли маҳсулот бо роҳи оҳан ва нақлиёти боркаш ба роҳ монда мешавад”, - қайд кардааст манбаъ.
Таъкид гардидааст, ки Маркази логистикӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияҳо муҷаҳҳаз гардида, барои нигаҳдории маҳсулоти зудвайроншаванда дар ояндаи наздик насби яхдонҳои калон ба нақша гирифта шудааст.
Губернатор Ставрополья Владимир Владимиров провел рабочую встречу с послом Таджикистан в РФ Давлатшохом Гулмахмадзодом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Супориши волии Ставрополи Русия дар бораи тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳамадзода зимни сафари кориаш ба шаҳри Бӯстон аз ин марказ дидан кард ва гуфт ташкили чунин марказҳои логистикӣ ба манфиати кор аст.
Раиси вилояти Суғд барои татбиқи пурраи лоиҳа супоришҳои мушаххас додааст.
Лентаи хабарҳо
0