https://sputnik.tj/20230503/suporish-volii-stavropoli-rusiya-taqviyat-hamkori-tojikiston-1056847273.html
Супориши волии Ставрополи Русия дар бораи тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Супориши волии Ставрополи Русия дар бораи тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Ставрополи Русия мегӯяд табодули колои вилоят бо Тоҷикистон дар панҷ соли ахир тақрибан якуним баробар афзоиш ёфтааст
2023-05-03T15:30+0500
2023-05-03T15:30+0500
2023-05-03T15:30+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
равобит
тиҷорат
иқтисод
равобит
мизони табодули коло
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056846836_0:29:1001:592_1920x0_80_0_0_ecdfcd3fbbef77b6aa30a82a0e32f0ce.jpg
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Волии вилояти Ставрополи Русия Владимир Владимиров бо Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳи Гулмаҳмадзод имконоти ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, сайёҳӣ ва маорифро баррасӣ кард.Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Ставрополи Русия хабар дод.Тибқи иттилои манбаъ, мулоқоти мазкур дар доираи Намоишгоҳи якуми сармоягузории Қафқоз сурат гирифт.Волии вилояти Ставрополь Владимир Владимиров бо Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳи Гулмаҳмадзод масъалаҳои рушди муносибатҳои байниминтақавӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратию фарҳангиро баррасӣ карданд.Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи табодули миссияҳои тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи он имконоти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар самтҳои нав мавриди баррасӣ қарор мегиранд.Ин корро Вазорати хочагии вилояти Ставропол иҷро мекунад. Ҳамкорӣ дар бахшҳои таҳсилоти олӣ ва сайёҳӣ низ баррасӣ хоҳад шуд.“Мо ба вусъат додани ҳамкориҳои минбаъда, равобити тиҷоратӣ ва маданӣ манфиатдорем. Имруз барои ин тамоми имкониятхо мавҷуданд ва мо ният дорем, ки аз онҳо истифода барем. Дурнамои афзоиши минбаъдаи ин нишондиҳанда, аз ҷумла аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми муомилоти маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд дорад”, - гуфт волии Ставропол Владимир Владимиров.Раиси вилоят ҳамчунин дар ин мулоқот афзуд, ки имрӯз гардиши мол миёни Ставропол ва Тоҷикистон дар панҷ сол тақрибан якуним баробар афзоиш ёфтааст. Соли гузашта он кариб 8 миллион долларро ташкил дод.Қаблан дар намоишгоҳи сармоягузорӣ волии Ставропол Владимир Владимиров бо сафири Эрон мулоқот карда буд. Ҷонибҳо масъалаҳои содироти маҳсулоти растанӣ, инчунин гӯшти гусфанд ва паррандаро баррасӣ карда буданд.
https://sputnik.tj/20230427/imzo-sozishnomai-jadid-tojikiston-rusiya-video-1056722814.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/03/1056846836_0:0:889:667_1920x0_80_0_0_878c834ce57d08efe666b64b6837f39a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҳамкорӣ, русия, ставропол, вилоят, мақомот, табодули коло, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг
тоҷикистон, ҳамкорӣ, русия, ставропол, вилоят, мақомот, табодули коло, тиҷорат, иқтисод, фарҳанг
Супориши волии Ставрополи Русия дар бораи тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон
Мақомоти вилояти Ставрополи Русия мегӯяд табодули колои вилоят бо Тоҷикистон дар панҷ соли ахир тақрибан якуним баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 3 май – Sputnik. Волии вилояти Ставрополи Русия Владимир Владимиров бо Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳи Гулмаҳмадзод имконоти ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, сайёҳӣ ва маорифро баррасӣ кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Ставрополи Русия хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, мулоқоти мазкур дар доираи Намоишгоҳи якуми сармоягузории Қафқоз сурат гирифт.
Волии вилояти Ставрополь Владимир Владимиров бо Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳи Гулмаҳмадзод масъалаҳои рушди муносибатҳои байниминтақавӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратию фарҳангиро баррасӣ карданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи табодули миссияҳои тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд, ки дар доираи он имконоти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар самтҳои нав мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Ин корро Вазорати хочагии вилояти Ставропол иҷро мекунад. Ҳамкорӣ дар бахшҳои таҳсилоти олӣ ва сайёҳӣ низ баррасӣ хоҳад шуд.
“Мо ба вусъат додани ҳамкориҳои минбаъда, равобити тиҷоратӣ ва маданӣ манфиатдорем. Имруз барои ин тамоми имкониятхо мавҷуданд ва мо ният дорем, ки аз онҳо истифода барем. Дурнамои афзоиши минбаъдаи ин нишондиҳанда, аз ҷумла аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми муомилоти маҳсулоти кишоварзӣ вуҷуд дорад”, - гуфт волии Ставропол Владимир Владимиров.
Раиси вилоят ҳамчунин дар ин мулоқот афзуд, ки имрӯз гардиши мол миёни Ставропол ва Тоҷикистон дар панҷ сол тақрибан якуним баробар афзоиш ёфтааст. Соли гузашта он кариб 8 миллион долларро ташкил дод.
Қаблан дар намоишгоҳи сармоягузорӣ волии Ставропол Владимир Владимиров бо сафири Эрон мулоқот карда буд. Ҷонибҳо масъалаҳои содироти маҳсулоти растанӣ, инчунин гӯшти гусфанд ва паррандаро баррасӣ карда буданд.