https://sputnik.tj/20230517/rahmon-toqaev-zang-zad-zodruz-tabrik-kard-1057195842.html
Раҳмон ба Тоқаев занг заду ба зодрӯзаш табрик кард
Раҳмон ба Тоқаев занг заду ба зодрӯзаш табрик кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо Президенти Қазоқистон ӯро ба муносибати ҳафтодсолагиаш самимона табрик кард
2023-05-17T18:52+0500
2023-05-17T18:52+0500
2023-05-17T18:52+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
эмомалӣ раҳмон
қосим -жомарт тоқаев
зодрӯз
суҳбати телефонӣ
табрикот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1b/1052471905_0:50:2049:1202_1920x0_80_0_0_6664f6c98ddfbe57d794a382a95feaab.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбат кишвардори Тоҷикистон раҳбари Қазоқистонро ба муносибати ҳафтодсолагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ тансиҳатӣ, саодат ва дар татбиқи нақшаҳои дарпешистода муваффақиятҳои минбаъда таманно намуд.Раҳбари кишвар ҳамчунин ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро орзу кард.Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар рафти суҳбат Президентҳо масъалаҳои муҳими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, баррасӣ намуданд.Инчунин зимни суҳбат аҳамияти қабули эъломия дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар руҳияи муносибатҳои ҳампаймонӣ таъкид гардид.Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла нахустин саммити дарпешистода дар сиғаи "Осиёи Марказӣ-Чин", ки пагоҳ дар шаҳри Сиани Чин баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.
https://sputnik.tj/20230517/tojikiston-chin-khost-1057169378.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/1b/1052471905_0:0:1817:1363_1920x0_80_0_0_2773aa62a446a0d76a0507ba0484b41c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, зодрӯз, табрик, раҳмон, тоқаев, суҳбати телефонӣ, президент, раисҷумҳур
тоҷикистон, қазоқистон, зодрӯз, табрик, раҳмон, тоқаев, суҳбати телефонӣ, президент, раисҷумҳур
Раҳмон ба Тоқаев занг заду ба зодрӯзаш табрик кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо Президенти Қазоқистон ӯро ба муносибати ҳафтодсолагиаш самимона табрик кард
ДУШАНБЕ, 17 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни суҳбат кишвардори Тоҷикистон раҳбари Қазоқистонро ба муносибати ҳафтодсолагиашон самимона табрик гуфта, ба ӯ тансиҳатӣ, саодат ва дар татбиқи нақшаҳои дарпешистода муваффақиятҳои минбаъда таманно намуд.
Раҳбари кишвар ҳамчунин ба мардуми бародари Қазоқистон сулҳ, шукуфоӣ ва пешрафти минбаъдаро орзу кард.
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар рафти суҳбат Президентҳо масъалаҳои муҳими шарикии стратегии Тоҷикистон ва Қазоқистон, баррасӣ намуданд.
Инчунин зимни суҳбат аҳамияти қабули эъломия дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкории ду давлат дар руҳияи муносибатҳои ҳампаймонӣ таъкид гардид.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои муҳими рӯзномаи байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла нахустин саммити дарпешистода дар сиғаи "Осиёи Марказӣ-Чин", ки пагоҳ дар шаҳри Сиани Чин баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор доданд.