Афзоиши нақши Сибир: Ниёзи Тоҷикистон ба чӯбу метал аз Русия бештар мешавад

Лес - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Обуна шудан
Чӯбу тахта ва маҳсулоти металлургӣ дар баробари маводи сӯзишворӣ аз маҳсулоти аслии воридотии Тоҷикистон аз Русия ба шумор мераванд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Осиёи Миёна ба метал ва чӯбу тахта аз Сибир ниёз дорад, изҳор дошт мудири Маркази тадқиқоти геополитикии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Гузел Майтдинова.
Ӯ ин нуктаро зимни конфронси 3-юми Осиёи Миёнаи клуби мубоҳисавии "Валдай" баён дошта, таъкид намуд, ки нақши Сибир дар ҳаёти давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Ин таъкиди Майтдинова дар ҳолест, ки чӯбу тахта ва маҳсулоти металлургӣ дар баробари маводи сӯзишворӣ аз маҳсулоти аслии воридотии Тоҷикистон аз Русия ба шумор мераванд. Дар сохтмонҳои ҷумҳурӣ асосан чӯб ва арматураи тавлиди Русия истифода мешавад.
Дорожная сеть Амурской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2023
Душанбею Пекин хостори омадурафти бештари заминию ҳавоӣ шуданд
Ба иттилои мақомоти тоҷик, Русия бузургтарин шарики тиҷоратии Тоҷикистон аст, ки дар даҳсолаи ахир дар сохтори гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ мақоми аввалро ишғол мекунад.
Вазири рушди иқтисоду савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода, ахиран изҳор дошт, ки гардиши мол миёни кишварҳо беш аз 1,6 млрд долларро ташкил дода, дар соли 2022 ба андозаи 321 млн доллар афзоиш ёфтааст.
Барои таҳкими тиҷорати байниҳамдигарӣ вақтҳои охир ҳамкорӣ миёни минтақаҳои Русия ва Тоҷикистон майл ба афзоиш дорад. Душанбею Маскав таъкид мекунанд, ки ҳанӯз ҳам зарфиятҳои зиёди истифоданашуда дар бахши тиҷорату сармоягузорӣ мавҷуданд.
Лентаи хабарҳо
0