Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Намоиши кори хумпораандозҳои худгарди "Нона-СВК" - видео

Обуна шудан
Сарбозони артиллерияи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия дар минтақаи амалиёти низомии вижа ҳадафҳои низомии ҳарифро мавриди зарба қарор доданд
Вазорати дифои Русия кори ҷангии экипажҳои миномётҳои худгарди 120 миллиметрии "Нона-СВК"-и Ҳавзаи низомии марказиро дар минтақаи амалиёти вижа нишон дод.
Тирпарронӣ бо хумпораҳои тарканда ва фаъоли реактивӣ ба масофаи то 18 километр сурат мегирад.
Тасҳеҳу дақиқсозии самту нуқтаҳои оташнишонӣ ба таври сареҳ дарҳол сурат мегирад.
Вазорати мудофиаи Русия таъкид намудаст, ки тасҳеҳи самти оташнишонӣ дар вақти воқеӣ имкон медиҳад, ки иншооти ҳариф бо шумораи камтарини хумпораҳо мавриди зарба қарор дода шаванду нобуд гарданд.
Низомиёни Украина Донетскро тирборон карданд
Маврид баз зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0