https://sputnik.tj/20230517/malum-shud-ki-khatlon-ba-eron-chi-mefurushad-1057180753.html
Маълум шуд, ки Хатлон ба Эрон чӣ мефурӯшад
Маълум шуд, ки Хатлон ба Эрон чӣ мефурӯшад
Sputnik Тоҷикистон
Вилояти Хатлон барои тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои Эрон, хусусан ба вилояти Хуросони Разавӣ талош хоҳад кард
2023-05-17T13:30+0500
2023-05-17T13:30+0500
2023-05-17T13:39+0500
дар тоҷикистон
эрон
хатлон
"вилояти хуросон"
хуросон
ҳамкорӣ
равобит
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/11/1057180583_0:150:1080:758_1920x0_80_0_0_9f75c96cd7b1fac1dc357fc67b32e18e.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Аз Эрон асосан молҳои мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла кафел, ширеш, дару тиреза, халта ва таҷҳизоти гуногун ворид гардида, аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан нахи пахта ва калобаи ресандагӣ содирот карда шудааст.Дар ин бора ахиран дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси вилояти Хуросони Разавӣ Яъқубалӣ Назарӣ, ки дар шаҳри Машҳади Эрон сурат гирифт матраҳ шуд.Яъқубалӣ Назарӣ таъкид кард, ки вилояти Хуросони Разавӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо вилояти Хатлони алоқаманд аст.Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қайд кард, ки тақвияти равобит байни минтақаҳои ду кишвар барои пешрафти ду давлат аҳамияти хосаро касб намудааст.Вай илова кард, киҳайати Тоҷикистон маҳз ба Эрон барои шиносоӣ бо дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи эронӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон ба шаҳри Машҳад ташриф овардааст.Дар мулоқот ҷонибҳо ба ояндаи неки робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди вилоятҳои Хатлон ва Хуросони Разавӣ ба манфиати мардуми шарифи ду кишвар изҳори хушбинӣ намуда, ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои саноати сабук, ниҳолу тухмипарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, дорусозӣ, тақвияти равобити фарҳангӣ, илмӣ, тандурустӣ ва сайру саёҳат ҳавасмандӣ нишон доданд.Дар рафти мулоқот инчунин дар атрофи масоили дигари ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.Ҳамзамон манбаъ қайд кард, ки як гурӯҳ аз ҳайати вилояти Хатлон иборат аз раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҳамчунин ба Минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс, яке аз панҷ минтақаи озоди иқтисодии вилояти Хуросони Разавӣ, сафар карда, бо масъулони ширкатҳои эронӣ доир ба имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мулоқотҳо анҷом доданд.Ёдовар мешавем, ки соли 2022 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Эрон 54,3 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои Эрон бо маблағи зиёда аз 51,7 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот шуда, аз Эрон ба маблағи 2,6 миллион доллар маҳсулот ворид шудааст.
https://sputnik.tj/20230415/eron-tojikiston-dushanbe-poytakhti---video-1056472294.html
https://sputnik.tj/20230509/eron-tojikiston-peshnihod-marzho-ittihodiya-avrupo-1056972471.html
эрон
хуросон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/11/1057180583_39:0:1050:758_1920x0_80_0_0_f0cb6ddee7494e8a4883aa775529cd55.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, тоҷикистон, ҳамкорӣ, хатлон, хуросони разавӣ, равобит, тавсе, таъмиқ, давлаталӣ саид
эрон, тоҷикистон, ҳамкорӣ, хатлон, хуросони разавӣ, равобит, тавсе, таъмиқ, давлаталӣ саид
Маълум шуд, ки Хатлон ба Эрон чӣ мефурӯшад
13:30 17.05.2023 (Навсозишуда: 13:39 17.05.2023) Вилояти Хатлон барои тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои Эрон, хусусан ба вилояти Хуросони Разавӣ талош хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Аз Эрон асосан молҳои мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла кафел, ширеш, дару тиреза, халта ва таҷҳизоти гуногун ворид гардида, аз вилояти Хатлон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон асосан нахи пахта ва калобаи ресандагӣ содирот карда шудааст.
Дар ин бора ахиран дар мулоқоти раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо раиси вилояти Хуросони Разавӣ Яъқубалӣ Назарӣ, ки дар шаҳри Машҳади Эрон сурат гирифт матраҳ шуд.
Яъқубалӣ Назарӣ таъкид кард, ки вилояти Хуросони Разавӣ ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо вилояти Хатлони алоқаманд аст.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қайд кард, ки тақвияти равобит байни минтақаҳои ду кишвар барои пешрафти ду давлат аҳамияти хосаро касб намудааст.
“Аз ин лиҳоз, Мақомоти вилояти Хатлон тамоми имконотро баҳри тавсеа ва таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо минтақаҳои Эрон, хосатан вилояти Хуросони Разавӣ, сафарбар менамояд”,- гуфт ӯ.
Вай илова кард, киҳайати Тоҷикистон маҳз ба Эрон барои шиносоӣ бо дастовардҳо дар соҳаи кишоварзӣ, рушди саноати сабук ва хӯрокворӣ, ҳунармандӣ, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак ва ҷалби сармояи эронӣ ба иқтисоди вилояти Хатлон ба шаҳри Машҳад ташриф овардааст.
Дар мулоқот ҷонибҳо ба ояндаи неки робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди вилоятҳои Хатлон ва Хуросони Разавӣ ба манфиати мардуми шарифи ду кишвар изҳори хушбинӣ намуда, ба роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳо дар самтҳои саноати сабук, ниҳолу тухмипарварӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки кишоварзӣ, дорусозӣ, тақвияти равобити фарҳангӣ, илмӣ, тандурустӣ ва сайру саёҳат ҳавасмандӣ нишон доданд.
Дар рафти мулоқот инчунин дар атрофи масоили дигари ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.
Ҳамзамон манбаъ қайд кард, ки як гурӯҳ аз ҳайати вилояти Хатлон иборат аз раисони шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ҳамчунин ба Минтақаи вижаи иқтисодии Сарахс, яке аз панҷ минтақаи озоди иқтисодии вилояти Хуросони Разавӣ, сафар карда, бо масъулони ширкатҳои эронӣ доир ба имкониятҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ мулоқотҳо анҷом доданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Эрон 54,3 миллион долларро ташкил дод. Дар ин давра аз вилояти Хатлон ба минтақаҳои Эрон бо маблағи зиёда аз 51,7 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот шуда, аз Эрон ба маблағи 2,6 миллион доллар маҳсулот ворид шудааст.