https://sputnik.tj/20230509/eron-tojikiston-peshnihod-marzho-ittihodiya-avrupo-1056972471.html
Эрон ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки марзҳо монанди Иттиҳодияи Аврупо бардошта шаванд
Эрон ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки марзҳо монанди Иттиҳодияи Аврупо бардошта шаванд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар дидор бо вазири тандурустии Тоҷикистон, бар афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши беҳдоштӣ таъкид карданд
2023-05-09T09:45+0500
2023-05-09T09:45+0500
2023-05-09T09:45+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
тандурустӣ
марз
аврупо
беҳдошт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032205206_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_eff9b0a708e0fc71a4a80cd96c9216e3.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Вазири беҳдошти Эрон Баҳроми Айнуллоҳӣ дар дидор бо Ҷамолиддини Абдуллоҳзода вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши тандурустӣ дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Эрон Пресс”.Вай дар ин дидор афзуд, ки лозим аст марзҳои кишварҳои минтақа ҳамонанди Иттиҳодия Аврупо дар ҳавзаи ҳамкориҳои илмӣ ва саломат бардошта шавад то донишмандон ва донишҷӯёни кишвраҳои минтақа битавонанд бо тасҳил дар рафту омад ба пешрафти низомҳои саломат кумак кунанд.“Дар давлати сездаҳум бо рӯйкарди тақвияти иртибот бо ҳамсоягон, сафарҳои муътадиди мақомоти эронӣ ба Тоҷикистон сурат гирифта ва ин нишондиҳандаи алоқаи дукишвар барои густариши равобит аст”, - афзуд Айнуллоҳӣ дар ҳошияи Иҷлоси гурӯҳи 5 ва дар дидори вазири беҳдошти Тоҷикистон.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақи Собирӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки дар соли 2022 шоҳиди рушди се баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш будем.Муҳаммадтақи Собирӣ гуфта буд, ки дар муддати 31 сол, ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.
https://sputnik.tj/20230314/barguzorii-komisiyai-mushtaraki-hamkorihoi-eronu-tojikiston-dar-shahri-dushanbe-1055483207.html
эрон
аврупо
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/03/1032205206_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f803adea4db5a7474ca4f3478949cf1d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тақвият, марз, иттиҳодияи аврупо, тандурустӣ
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тақвият, марз, иттиҳодияи аврупо, тандурустӣ
Эрон ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки марзҳо монанди Иттиҳодияи Аврупо бардошта шаванд
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар дидор бо вазири тандурустии Тоҷикистон, бар афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши беҳдоштӣ таъкид карданд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Вазири беҳдошти Эрон Баҳроми Айнуллоҳӣ дар дидор бо Ҷамолиддини Абдуллоҳзода вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши тандурустӣ дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Эрон Пресс”.
Вай дар ин дидор афзуд, ки лозим аст марзҳои кишварҳои минтақа ҳамонанди Иттиҳодия Аврупо дар ҳавзаи ҳамкориҳои илмӣ ва саломат бардошта шавад то донишмандон ва донишҷӯёни кишвраҳои минтақа битавонанд бо тасҳил дар рафту омад ба пешрафти низомҳои саломат кумак кунанд.
“Дар давлати сездаҳум бо рӯйкарди тақвияти иртибот бо ҳамсоягон, сафарҳои муътадиди мақомоти эронӣ ба Тоҷикистон сурат гирифта ва ин нишондиҳандаи алоқаи дукишвар барои густариши равобит аст”, - афзуд Айнуллоҳӣ дар ҳошияи Иҷлоси гурӯҳи 5 ва дар дидори вазири беҳдошти Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақи Собирӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки дар соли 2022 шоҳиди рушди се баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш будем.
Муҳаммадтақи Собирӣ гуфта буд, ки дар муддати 31 сол, ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.