Лавров хостори ҳамкории бештар бо Тоҷикистону кишварҳои дигари ОМ шуд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузариш ба медиабонкМинистр иностранных дел РФ Сергей Лавров
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Обуна шудан
Ҷаласаи 40-уми Шӯрои роҳбарони минтақаҳои Русия дар назди Вазорати умури хориҷии ин кишвар таҳкими ҳамкорӣ бо давлатҳои Осиёи Миёна бахшида шуд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров аз роҳбарони минтақаҳои кишвараш хостори пешниҳодҳои бештару мушаххас барои таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ шуд.
Ӯ ин нуктаро зимни ҷаласаи 40-уми Шӯрои роҳбарони минтақаҳои Русия дар назди Вазорати умури хориҷии ин кишвар баён дошта, таъкид намуд, ки мавзӯи меҳварии ҳамоиш таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна мебошад.
Лавров таъкид намуд, ки муносибот бо Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қазоқистон дар заминаи шарикии стратегӣ, баробарӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳамсоядории нек роҳандозӣ шудаст.
Дипломат махсусан таъкид намуд, ки бо ҳар яке аз ин кишвар муколамаи густурдаи сиёсӣ ҷой дорад, ки он барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз иқтисоду сармоягузорӣ то илму маориф мусоидат мекунад.
Замедиректора Института философии, политологии и права им А.Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана Рустам Хайдаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Олими тоҷик: ИМА ба зӯргӯӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кардааст
Вазир аз ҷумла сафари ахири роҳбарони ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказиро ба Маскав ва мулоқоташон бо президенти Русия, Владимир Путинро зикр намуд.
Лавров дар мавриди ҳамкориҳо дар бахши маориф изҳор дошт, ки феълан дар қаламрави кишварҳои Осиёи Миёна 25 филиали муассисаҳои таҳсилоти олии Русия ва 2 донишгоҳи муштарак - Донишгоҳҳои славянӣ дар Тоҷикистону Қирғизистон фаъолият доранд.
Вай ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳудуди 160 ҳазор донишҷӯ аз Осиёи Марказӣ дар Русия таҳсил доранд, ки ҳудуди 60 ҳазорашон дар бахши буҷавӣ таҳсил мекунанд.
Сергей Лавров бо дархости пешниҳодҳои амалӣ аз роҳбарони минтақаҳо барои таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ изҳор дошт, ки дар бахши дипломатӣ тамоми кор барои таҳкими равобит анҷом дода хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0