Тоҷикистон мизбони бозиҳои марҳилаи интихобии ҶО-2024 шуд

© PixabayЖенский футбол, архивное фото
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Обуна шудан
Конфедератсияи футболи Осиё кишварҳоеро, ки бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-соларо мизбонӣ мекунанд, эълон намуд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Тоҷикистон дар феҳрасти кишварҳое қарор гирифт, бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-соларо мизбонӣ мекунанд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон бо такя ба эълони Конфедератсияи футболи Осиё хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Конфедератсияи футболи Осиё 11 кишвар – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Баҳрайн, Чин, Индонезия, Урдун, Кореяи Ҷанубӣ, Кувайт, Арабистони Саудӣ, Таиланд ва Ветнамро барои мизбонии бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё-2024 интихоб кардааст.
Бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни дастаҳои олимпии то 23-сола аз 4 то 12 сентябр сурат мегиранд, омадааст дар иттилоияи ФФТ.
Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Ин нуқтаи охир нест: Усмонов дар бораи медали биринҷияш дар чемпионати ҷаҳон
Манбаъ афзуд, ки қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола рӯзи 25 май дар қароргоҳи КФО воқеъ дар Куала-Лумпур баргузор мегардад.
Федератсияи футболи Тоҷикистон тавзеҳ дод, ки аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 44 даста ба 11 гурӯҳ тақсим мешаванд.
Ғолибони гурӯҳ ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюмро ишғолкарда ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0