Ин нуқтаи охир нест: Усмонов дар бораи медали биринҷияш дар чемпионати ҷаҳон

© RCC Boxing Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге
Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Обуна шудан
Баҳодур Усмонов баъди 12 сол аз чемпионати ҷаҳон дар риштаи бокс барои Тоҷикистон медали биринҷӣ овард. Қаблан ин нишонро Анвар Юнусов ба даст оварда буд
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҷойи сеюм дар чемпионати ҷаҳон барои ҳар як варзишгар дастоварди бузург аст, мутмаин аст муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов.
Дар ҳамин ҳол, варзишгар мутмаин аст, ки ин ҳадди ниҳоии имконоти ӯ нест, навиштааст sports.tj.
"Ман боз ҳам қавитар омода мешавам ва дар радабандии ҷаҳонӣ пешсаф мешавам! Ташаккури зиёд барои дастгирӣ ва табрикатон", - гуфт ӯ.
Усмонов дар мусобиқоти Қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон то даври нимниҳоӣ расид ва дар сабқат барои роҳхат ба финал аз Чинзориг Баатарсух, намояндаи Муғулистон шикаст хӯрд. Вохӯрӣ дар вазни 63,5 кило бо ҳисоби 1:4 анҷом ёфт.
Қобили зикр аст, ки Баҳодур Усмонов акнун пас аз 12 сол аз ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба хазинаи варзишии Тоҷикистон медал ворид кард.
Петр Сегрт, главный тренер сборной Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Рақибони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд: Аввалин бозӣ бо Чин
Дар ин сабқат намояндагони дигари Тоҷикистон ни зӯр озмуданд, аммо муваффақ нашуданд. Асрор Воҳидов дар зери вазни 57 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ муқобили муштзани қирғиз Мунарбек Сеитбек Уулу нерӯсанҷӣ карда, бо қарори доварон шикаст хӯрд.
Муштзани сангинвазни тоҷик Давлат Болтаев низ дар вазни то 92 кг дар даври чаҳорякниҳоӣ аз муштзани итолиёвӣ, Азиз Аббос Муҳиддин бо ҳисоби 0 бар 5 мағлуб шуд. Некрӯз Салимов дар вазни то 75 кг низ натавонист ба даври нимфиналӣ барояд.
Намояндагони дигари Тоҷикистон, аз ҷумла Меҳрон Шафиев (48 кг), Абубакр Муродзода (60 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаббос Негматуллоев (80 кг), Меҳроб Ҳомидов (51 кг) , Меҳроҷ Зоидов (54 кг), Парвиз Каримов (86 кг) ва Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг) шикаст хӯрданд.
Лентаи хабарҳо
0