Тоҷикистон аз Латвия ду баробар бештар мол ворид кард

© AP / Ted S. WarrenГрузовые контейнеры, архивное фото
Грузовые контейнеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Обуна шудан
Танҳо давоми як моҳ воридот аз ин кишвари Урупо қариб ду баробар афзудааст: гардиши моли байни Тоҷикистон ва дигар давлатҳои Иттиҳод низ хеле афзуд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Моҳи феврали соли 2023 Латвия ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 666,5 ҳазор евро маҳсулот содир кардааст, хабар медиҳад Trend бо истинод ба Eurostat.
Ин назар ба моҳи январи соли 2023 (342,7 ҳазор евро) қариб 2 маротиба ё 323,8 ҳазор евро зиёдтар аст.
Ҳамин тариқ, аз аввали сол бахши аслии воридоти Тоҷикистон аз Латвия ба маҳсулоти саноати кимиёӣ ба маблағи 447,1 ҳазор евро рост омад, ки нисбат ба моҳи январи соли ҷорӣ (212,4 ҳазор евро) 2,1 маротиба бештар аст.
Аллакай дар моҳи феврал Тоҷикистон аз ин кишвари аврупоӣ ба маблағи 140,1 ҳазор евро фулузоти ғайриқиматбаҳо ва маснуот, васоили нақлия, мошину таҷҳизоти механикӣ харидорӣ кардааст.
Қазоқистон ва Тоҷикистон тасмим доранд, содироти гандумро 50 ҳазор тонна афзоиш диҳанд
Тибқи омор, дар соли 2022 Тоҷикистон аз Латвия ба маблағи 8,2 миллион евро коло ворид кардааст, ки нисбат ба соли 2021 (7,9 миллион евро) 3% бештар аст.
Дар мавриди содироти Тоҷикистон ба Латвия, соли гузашта он беш аз 144 ҳазор евроро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 (43,9 ҳазор евро) 3,2 маротиба бештар аст.
Тоҷикистон мехоҳад содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Чинро афзоиш диҳад
Маълум аст, ки моҳҳои январ-феврали соли 2023 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо аз 84 миллион евро гузаштааст.
Ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 56,4 миллион евро колоҳои аврупоӣ ворид карда, содирот аз Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо 27,6 миллион долларро ташкил додааст.
Лентаи хабарҳо
0