Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

ВУХ-и Русия ба рушди ҳалли масъалаи марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек ишора кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти ҚирғизистонФлаги Таджикистана и Кыргызстана
Флаги Таджикистана и Кыргызстана  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Обуна шудан
Федератсияи Русия пайваста ҷонибдори ҳалли ҳарчӣ зудтар ва ниҳоии баҳси марзии миёни ду кишвари ҳамсоя - Тоҷикистону Қирғизистон мебошад
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Русия динамикаи мусбати вазъияти баҳсбарангез дар атрофи марзи Тоҷикистону Қирғизистонро қайд мекунад.
Дар ин бора, Михаил Галузин, муовини вазири умури хориҷии Русия, дар конфронси III-уми Осиёи Марказӣ дар Клуби мубоҳисавии байналмилалии "Валдай" изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав пайваста ҷонибдори ҳалли зудтар ва ниҳоии баҳси марзӣ миёни Душанбеву Бишкек аст.
"Мо динамикаи мусбати ин равандро бо қаноатмандӣ қайд мекунем", - гуфт ӯ.
Дипломат ҳамчунин таъкид кард, ки Русия ва СПАД "кафилҳои амниятии ғайриалтернативӣ"-и тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Ва унсурҳои асосии субот пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.
Галузин ҳамчунин таъкид кард, ки ҳамкориҳои зич бо кишварҳои минтақа дар заминаи мубориза бо хатари маводи мухаддир ва терроризм, ки аз қаламрави Афғонистон сар мезанад, идома дорад.
Ҳалли нофаҳмиҳо ва истифодаи якҷояи захираҳо: Музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон
"Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ин махсусан дар пасманзари тамоюлҳои радикализми мазҳабӣ, ки дар минтақа зуҳур мекунанд, арзишманд аст", - қайд кард муовини вазири корҳои хориҷии Русия.
Ёдовар мешавем, ки музокирот дар мавриди таъйини марзи Тоҷикистону Қирғизистон солҳо боз идома дорад. То ин замон дарозии қитъаи баҳсбарангези миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 980 километрро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0