Ҳалли нофаҳмиҳо ва истифодаи якҷояи захираҳо: Музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдМулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон
Мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.05.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Суғд эълон кардааст, ки ахиран дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти навбатии гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт
ДУШАНБЕ, 2 май – Sputnik. Дар гузаргоҳи сарҳадии “Гулистон”-и шаҳри Исфара мулоқоти роҳбарони вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Бодканди Қирғизистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, роҳбарони ҳайатҳо —​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев натиҷаи фаъолияти гуруҳи кории дуҷонибаро назаррас арзёбӣ карданд.
“Дар натиҷаи корбарии гуруҳи кории дуҷониба нофаҳмиҳои бамиёномада сари вақт ҳал гардида, ҷонибҳо дар масъалаҳои истифодаи якҷои захираҳои табиӣ, аз ҷумла об, тоза кардани каналу ҷӯйборҳои наздимарзӣ якдигарфаҳмӣ намуда истодаанд”, - таъкид доштааст манбаъ.
флаги Таджикистана и Кыргызстана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Музокироти ҳафтрӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон сари масъалаи марз дар Бишкек
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки минбаъд низ фаъолияти гуруҳи кории дуҷониба фаъолиятро дар тамоми сатҳҳо беҳтар намуда, вохӯриҳоро бештар ба роҳ мемонанд ва сокинони минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар бо риояи суннатҳои қадимии ҳамсоядорӣ ва эҳтироми якдигар зиндагии осоиштаро пеш мебаранд.
Зикр гардидааст, ки дар мулоқоти мазкур ҳамчунин роҳбарияти Раёсати КДАМ ҶТ, Раёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Раёсати ВКД, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ,​ раисони шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок доштанд.
Лентаи хабарҳо
0