Эмомалӣ Раҳмон озими Чин шуд

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон на трапе
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на трапе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистонро дар ин сафар ҳайати васеъ, аз ҷумла вазирони рушди иқтисоду савдо, нақлиёт, саноату технологиҳои нав ва раиси КДАМ ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари давлатӣ озими Чин шуд, иттилоъ дод дафтари матбуоти роҳбари кишвар.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар баробари анҷоми сафари давлатӣ дар Саммити сарони давлатҳои "Чин + Осиёи Марказӣ" иштирок мекунад.
Президентро дар сафар ёрдамчиёнаш дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва масъалаҳои иқтисодӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, саноат ва технологияҳои нав, раиси КДАМ, раисони кумитаҳои телевизион ва радио, бехатарии озуқаворӣ, президенти Академияи миллии улум ва дигарон ҳамроҳӣ мекунанд.
Самолеты в аэропорту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2023
Шаҳрҳои Тоҷикистону Чинро хатсайри нав мепайвандад
Қаблан намояндаи расмии ВУХ-и Чин Хуа Чунъин, иттилоъ дода буд, ки сафари сарони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон аз 16 то 20 май дар сурат мегирад.
"Бо даъвати раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин, раисҷумҳурони Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Қирғизистон Содир Ҷабборов, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбакистон Шавкат Мирзиёев, аз 16 то 20 май бо як сафари давлатӣ вориди Чин хоҳанд шуд", - гуфт ӯ.
Мавзеи ҳамоиши сарори кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ шаҳри Сиан гуфта шуда, интизор меравад, нишаст рӯзҳои 18-19 май дар музофоти Шэнси таҳти раёсати Си Ҷинпин баргузор гардад.
Лентаи хабарҳо
0