https://sputnik.tj/20230515/roh-kuchai-shamsi-saodat-dushanbe-tamir-1057120097.html
Роҳ аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат"-и Душанбе таъмир мешавад
Роҳ аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат"-и Душанбе таъмир мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ба хотири таъмиру навсозӣ ҳаракати мошинҳо аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат"-и пойтахт муваққатан қатъ карда мешава
2023-05-15T19:05+0500
2023-05-15T19:05+0500
2023-05-15T19:05+0500
дар тоҷикистон
душанбе
роҳбандӣ
таъмир
навсозӣ
роҳи мошингард
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/90/1025399041_0:220:3000:1908_1920x0_80_0_0_16fb427ad0daa597569f33e8405ee53f.jpg
ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз рӯзи 15 май то 15 июн аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат" муваққатан қатъ карда мешавад, иттилоъ додааст дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.Ба иттилои манбаъ, аз соати 23:00-и имшаб то 15 июн ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат"-и пойтахт муваққатан қатъ карда мешавад.Шаҳрдорӣ хубар додааст, ки қатъи роҳи мазкур бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Б.Ғафуров (аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат") сурат мегирад.Мақомоти шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Б. Ғафуров истифода баранд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти шаҳри душанбе хабар дода буд, ки барои ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти кишвар ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.Гуфта шуд, ки аз ҷумла дар 11 иншооти роҳсозии пойтахт бо дарозии 23,7 километр, 1 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 2,43 километр ва дар 26 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
https://sputnik.tj/20230316/hushdor-shahrdori-rohbandi-kuchai-dushanbe-1055570904.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102539/90/1025399041_333:0:3000:2000_1920x0_80_0_0_d0d84dd9b350f404345cfcb93136cda5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, душанбе, роҳбандӣ, таъмир, навсозӣ, саодат, кӯчаи шамсӣ
тоҷикистон, душанбе, роҳбандӣ, таъмир, навсозӣ, саодат, кӯчаи шамсӣ
Роҳ аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат"-и Душанбе таъмир мешавад
Ба хотири таъмиру навсозӣ ҳаракати мошинҳо аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат"-и пойтахт муваққатан қатъ карда мешава
ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз рӯзи 15 май то 15 июн аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат" муваққатан қатъ карда мешавад, иттилоъ додааст дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Ба иттилои манбаъ, аз соати 23:00-и имшаб то 15 июн ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат"-и пойтахт муваққатан қатъ карда мешавад.
Шаҳрдорӣ хубар додааст, ки қатъи роҳи мазкур бинобар сабаби гузаронидани корҳои сохтмону навсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Б.Ғафуров (аз кӯчаи Шамсӣ то маркази савдои "Саодат") сурат мегирад.
Мақомоти шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати хиёбони Б. Ғафуров истифода баранд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти шаҳри душанбе хабар дода буд, ки барои ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ намудани инфрасохтори пойтахти кишвар ва суръат бахшидан ба таҷдиду навсозии роҳҳои дохилии хиёбону маҳаллаҳо, сохтмони пулҳо ва гузаргоҳҳои зеризаминии пойтахт ба маблағи умумии 170 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Гуфта шуд, ки аз ҷумла дар 11 иншооти роҳсозии пойтахт бо дарозии 23,7 километр, 1 адад иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 2,43 километр ва дар 26 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.