Ҳушдори шаҳрдорӣ дар бораи роҳбандӣ: Боз кадом кӯчаи Душанбе таъмир мешавад?

© Sputnik / Кирилл Брага / Гузариш ба медиабонкРемонт дороги. Архивное фото
Ремонт дороги. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Обуна шудан
Бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Б.Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати нақлиёт манъ мешавад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе сокинону меҳмонони пойтахтро огоҳ кардааст, ки бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ аз 18 март, ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ карда мешавад.
Манбаъ хабар додааст, ки тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва қарорҳои дахлдори Раиси шаҳри Душанбе корҳои сохтмонӣ дар иншооти "Азнавсозии хиёбони Бобоҷон Ғафуров (аз хиёбони Ҷаббор Расулов то кӯчаи Алишери Навоӣ)" амалӣ шуда истодаанд.
“Бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар қисмати шарқии хиёбони Бобоҷон Ғафуров аз пул-гузаргоҳи кӯчаи Асадулло Ғуломов то кӯчаи Шамсӣ ҳаракати ҳама гуна воситаҳои нақлиёти рӯизаминӣ муваққатан қатъ карда мешавад”,- таъкид намудааст шаҳрдорӣ.
Компания Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД укладывают асфальт  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Масрафи беш аз 20 миллион сомонӣ аз сӯйи соҳибкорони Бохтар барои таъмири роҳ
Дар ин робита мақомоти шаҳри Душанбе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш кардааст, ки талаботи аломатҳои роҳ ва дигар нишонаҳои гузоштаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати он истифода намоянд.
Аз ҷумла шаҳрдорӣ хоҳиш кардааст, аз хиёбонҳои Абуалӣ ибни Сино, Исмоили Сомонӣ, Нусратулло Махсум ва кӯчаҳои Асадулло Ғуломов, Шамсӣ, Муродулло Шерализода, Маяковский, Баҳоуддинов ва Бунёдкорон истифода баранд.
Лентаи хабарҳо
0