https://sputnik.tj/20230511/anjomi-safar-sardor-berdimuhamedov-tojikiston-1057048498.html
Анҷоми сафари Сардор Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон
Анҷоми сафари Сардор Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Сафари раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон ба анҷом расид ва Сарвазири кишвар меҳмонро дар фурудгоҳ бо нишони эҳтирому самимияти зиёд гусел кард
2023-05-11T18:30+0500
2023-05-11T18:30+0500
2023-05-11T18:30+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
анҷом
эмомалӣ раҳмон
сардор бердимуҳаммадов
ҳамкорӣ
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0b/1057046530_0:54:2049:1206_1920x0_80_0_0_a1099ee8245ed9040658832806bb9856.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Нимаи дуюми рӯз, пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ ба Тоҷикистон Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт.Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ бо нишони эҳтирому самимияти зиёд гусел карданд.Пеш аз бозгашт ба Туркманистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Сердар Бердимуҳамедов ба ноҳияи Варзоб рафтанд.Гуфта шудааст, ки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сердар Бердимуҳамедов дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11 май идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
https://sputnik.tj/20230511/farhang-sanoat-sarmoyaguzori-muloqot-rasulzoda-berdimuhammadov-1057043055.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0b/1057046530_70:0:1887:1363_1920x0_80_0_0_43f8ea86b030908715adcdcc1fbcd342.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркманистон, ҳамкорӣ, сафар, анҷом, раҳмон, сардор, сарвазир, қоҳир расулзода
тоҷикистон, туркманистон, ҳамкорӣ, сафар, анҷом, раҳмон, сардор, сарвазир, қоҳир расулзода
Анҷоми сафари Сардор Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон
Сафари раисҷумҳури Туркманистон ба Тоҷикистон ба анҷом расид ва Сарвазири кишвар меҳмонро дар фурудгоҳ бо нишони эҳтирому самимияти зиёд гусел кард
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Нимаи дуюми рӯз, пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ ба Тоҷикистон Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ бо нишони эҳтирому самимияти зиёд гусел карданд.
Пеш аз бозгашт ба Туркманистон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо Сердар Бердимуҳамедов ба ноҳияи Варзоб рафтанд.
“Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоб боздид намуда, табиати зебо ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд”, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Гуфта шудааст, ки сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Сердар Бердимуҳамедов дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 10 ва 11 май идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор гардида, аз рӯйи натиҷаҳои он 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.