https://sputnik.tj/20230515/maqomoti-khatlon-jalbi-sarmoya-taqviyati-hamkori-eron-1057112611.html
Мақомоти Хатлон барои ҷалби сармоя ва тақвияти ҳамкорӣ ба Эрон сафар карданд
Мақомоти Хатлон барои ҷалби сармоя ва тақвияти ҳамкорӣ ба Эрон сафар карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳадаф аз сафари мақомоти вилояти Хатлон ба Эрон тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ мебошад
2023-05-15T13:22+0500
2023-05-15T13:22+0500
2023-05-15T13:22+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
равобит
эрон
тиҷорат
сармоя
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057112444_0:100:1920:1180_1920x0_80_0_0_af8e09c97c3b70db553311dd6b3ddd91.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ахиран ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид вориди вилояти Хуросони Разавии Эрон гардид.Дар ин бораи дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, раисони қисме аз шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Хатлон шомили ҳайати мазкур мебошанд.Қайд карда шудааст, ки мақсад аз сафари мақомоти вилояти Хатлон ба Эрон тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, фарҳангиву сайёҳӣ, табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, роҳандозии робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Эрон арзёбӣ мешавад.Ҳамчунин дар доираи ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти устони Хуросони Разавӣ мулоқот хоҳад кард.Ҳамчунин мақомдорони тоҷик аз шаҳракҳои саноатӣ ва маконҳои кишоварзии Тӯс, Нишопур ва Сарахс дидан намуд, инчунин дар баргузории форуми тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Хатлону Хуросони Разавӣ иштирок ва ба ширкатҳои тиҷоратии эронӣ дар шаҳри Машҳад дидору мулоқот хоҳанд кард.Қобили зикр аст, ки расо як сол пеш, дар шаҳри Душанбе дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Эрон дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.
https://sputnik.tj/20230510/zaminho-khatlon-chor-hosil-mumkin-davlatali-said-roh-nishon-dod-1057009842.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057112444_107:0:1814:1280_1920x0_80_0_0_69bb3a6385b5847acf9da05746fc1124.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хатлон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, ҷалб, сармоя, иқтисод, тиҷорт
тоҷикистон, хатлон, эрон, ҳамкорӣ, равобит, ҷалб, сармоя, иқтисод, тиҷорт
Мақомоти Хатлон барои ҷалби сармоя ва тақвияти ҳамкорӣ ба Эрон сафар карданд
Ҳадаф аз сафари мақомоти вилояти Хатлон ба Эрон тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ахиран ҳайати вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси вилоят Давлаталӣ Саид вориди вилояти Хуросони Разавии Эрон гардид.
Дар ин бораи дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, раисони қисме аз шаҳру навоҳии вилоят ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Хатлон шомили ҳайати мазкур мебошанд.
Қайд карда шудааст, ки мақсад аз сафари мақомоти вилояти Хатлон ба Эрон тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, саноату кишоварзӣ, фарҳангиву сайёҳӣ, табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳо миёни бахшҳои хусусиву давлатӣ, роҳандозии робитаҳои мустақими минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва шаҳракҳои саноатии вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Хуросони Разавии Эрон арзёбӣ мешавад.
Ҳамчунин дар доираи ин сафар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарияти устони Хуросони Разавӣ мулоқот хоҳад кард.
Ҳамчунин мақомдорони тоҷик аз шаҳракҳои саноатӣ ва маконҳои кишоварзии Тӯс, Нишопур ва Сарахс дидан намуд, инчунин дар баргузории форуми тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Хатлону Хуросони Разавӣ иштирок ва ба ширкатҳои тиҷоратии эронӣ дар шаҳри Машҳад дидору мулоқот хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки расо як сол пеш, дар шаҳри Душанбе дар ҳузур ва бо иштироки сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Эрон дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.