Аз заминҳои Хатлон гирифтани то чор ҳосил имконпазир аст: Давлаталӣ Саид роҳашро нишон дод

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонДавлатали Саид, глава Хатлонской области
Давлатали Саид, глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон изҳор дошт, ки 70 дарсади маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон маҳз дар ин вилоят истеҳсол мешавад
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Давлатали Саид, раиси вилояти Хатлон мегӯяд, заминҳои ин минтақа имкон доранд то чор маротиба ҳосил диҳанд.
Ӯ ин ҳарфҳоро зимни мулоқот бо сармоягузорони хориҷӣ, ки феълан дар вилоят қарор доранд, изҳор дошт, менависад дафтари матбуоти раиси вилоят.
Ба таъкиди ӯ, дар сурати самаранок истифода намудани замин ва ҳамчунин истифода намудан аз технологияи ҳозиразамон ин кор имконпазир хоҳад шуд.
"Мо агар заминҳои вилояти Хатлонро пурсамар ва мақсаднок истифода барем ва технологияҳои ҳозиразамонро ба кор андозем, то чор ҳосил гирифтан аз заминҳо имконпазир мегардад", - афзудааст ӯ.
Раиси вилоят дар идома тавзеҳ дод, ки 70 фоизи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ маҳз ба вилояти Хатлон рост меояд.
"Дар вилоят 70 дарсад пахта, 60 % сабзавот, 80% полезиҳо ва 50 фисад меваҷот истеҳсол карда гардида, ҳамасола беш аз 100 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот мешавад", - қайд намуд Давлаталӣ Саид.
Хатлон яке аз вилоятҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, беш аз 3,5 млн аҳолӣ дорад. Сокинони ин вилоят асосан ба кишоварзӣ машғуланд.
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, зимни ироаи паём ба парлумони Тоҷикистон дар соли 2022 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2023
Гилаи президент аз заминҳои обии бекорхобида дар Хатлон: гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст
Қаблан, кишвардори Тоҷикистон зимни сафари ахираш ба Хатлон изҳор дошт, ки беш аз 14 га заминҳои вилоят бекор хобидаанд.
"Дар шароити бисёр вазнини имрӯза роҳ додан ба бекор мондани замин гуноҳ дорад ва ҳатто ҷиноят аст”, - гуфт президент.
Раисҷумҳур аз аҳолии кишвар хостааст, ки барои рӯёнидани се – чор ҳосил диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0