Хатлон номзад ба узвият дар Маҷлиси миллиро пешниҳод мекунад

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонГлава Хатлонской области Таджикистана Давлатали Саид
Глава Хатлонской области Таджикистана Давлатали Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Обуна шудан
Дар маҷлисгоҳи ҳукумати вилояти Хатлон, иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи вилояти, даъвати шашум, даъват карда шудааст
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилояти Хатлон рӯзи 19 майи соли равон даъват кардааст.
Ба иттилои мақомоти Хатлон, масъалаи ҷаласаи мазкур пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад. Инчунин масъалаҳои ҷорӣ низ дар ҷаласа баррасӣ хоҳанд шуд.
Ахиран Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарор карда буд, ки интихоботи узви нави Маҷлиси миллӣ ба ҷои узви ихроҷшуда 21 июни соли равон баргузор мегардад.
Бар асоси қарор, интихобот дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3 сурат мегирад.
Эрдоган проголосовал на выборах в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Даври аввали интихоботи президентии Туркия ғолибро муайян накард
Маврид ба зикр аст, ки яке аз аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи мазкур Қурбон Ҳакимзода, собиқ раиси вилояти Хатлон буд, ки ахиран барканор шуд.
Ҳакимзода, ки дар палатаи болоии парлумон роҳбарии Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияро ба уҳда дошт, бо фармони раисҷумҳур вазири кишоварзӣ таъйин гардид.
Ҷойи Ҳакимзодаро дар мақомоти иҷроияи Хатлон ва маҷлиси вакилони вилоят Давлаталӣ Саид гирифт. Интизор меравад, ки Давлаталӣ Саид дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ Қурбон Ҳакимзодаро иваз намояд.
Лентаи хабарҳо
0