Даври аввали интихоботи президентии Туркия ғолибро муайян накард

© РИА НовостиЭрдоган проголосовал на выборах в Турции
Эрдоган проголосовал на выборах в Турции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2023
Обуна шудан
Мақомоти Туркия гузориш медиҳанд, ки дар натиҷаи ҳисоби беш аз 99,9%-и раъйҳо аз қутиҳои интихоботӣ ҳеч як номзад беш аз 50% нагрифт
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Раисҷумҳури феълии Туркия, Раҷааб Тайиб Эрдуғон пешсафи интихобот буда, беш аз 49,3%-и раъйҳоро соҳиб шудааст, аммо ин барои пирӯзӣ дар даври аввал кофӣ нест.
Ба итилои шабакаи давлатии телевизиони TRT Haber, пас аз ҳисоби 99,93% қуттиҳои раъй, рақиби аслии Эрдуғон номзади 7 ҳизби мухолиф, ҳизби мухолиф Камол Қиличдаруғлу қариби 45% овози овозҳоро соҳиб шудааст.
Номзади эътилофии дигар Синон Оган беш аз 5%-и раъйҳоро ба даст овардааст.
Таъкид шудааст, ки дар назар аст, дар пайи муайян нашудани ғолиби интихобот дар даври аввал, даври дуюми он 28 май баргузор шавад.
Дар ҳамин ҳол, раиси Комиссияи олии интихоботи Туркия дар анҷоми раъйдиҳӣ эълон дошта буд, ки ҳеч мушкили ҷидие дар раванди онро ба қайд нагирифтааст.
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2023
Эрдуғон мухолифони Туркияро барои "ҳамла" ба Русия танқид кард
Дар интихоботи 14 май дар Туркия 3 довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ сабқат карданд. Рақиби Эрдуғон, президенти феълии 69-сола номзади ягона аз Эътилофи ҷумҳурихоҳон, Қиличдароғли 74-сола аз Эътилофи мардумӣ ва Синон Огани 55-сола аз Эътилофи Ато буданд.
Номзади охирин аз ҷиноҳи Memleket, Муҳаррем Инҷ буд, ки се рӯз пеш аз интихобот аз номзадии худ даст кашид ва тавзеҳ дод, ки ин корро зери бори туҳматҳо алайҳи ӯ ва наздиконаш кард.
Дар ҳамин ҳол Қиличдароғлу эълон кард, ки ба даври дуввуми интихобот омода аст, дар ҳоле ки Оган, ки 5,23% овоз гирифтааст, ваъда додааст, ки аз номзади мухолифин пуштибонӣ хоҳад кард, аммо танҳо дар сурати ошкоро аз ҳимояти курдҳо худдорӣ карданаш ин корро анҷом медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0