https://sputnik.tj/20230515/ikhtisos-omuzgori-khatm-maktab-1057105049.html
Ихтисоси омӯзгориро даҳҳо ҳазор хатм мекунанду ба мактаб намераванд: Чаро?
Ихтисоси омӯзгориро даҳҳо ҳазор хатм мекунанду ба мактаб намераванд: Чаро?
Sputnik Тоҷикистон
Ҳозиршавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ доранд, дар доираи нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад
2023-05-15T09:45+0500
2023-05-15T09:45+0500
2023-05-15T09:45+0500
дар тоҷикистон
маориф
имтиёз
хонанда
талабагон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102950/08/1029500856_0:0:1620:912_1920x0_80_0_0_483ce54c16056db95549bed78ad0e4dc.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳамасола ихтисосу равияҳои омӯзгориро дар муассисаҳои касбии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 21 ҳазор нафар хатм мекунанд. Дар ин бора директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба нашрияи парлумонии "Садои мардум" иттилоъ додаст. Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумора 8,5-9 ҳазор нафарашон хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетӣ мебошанд. Вай афзуд, сафарбарнамоии хатмкунандагон ва назорати ба ҷои кор ҳозиршавии онҳо метавонад пурра норасоии кадрҳои омӯзгориро дар кишвар таъмин намояд."Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ доранд, дар доираи нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад", - изҳор дошт ӯ. Вай дар шарҳи ин ҳолат гуфт, қисме аз хатмкардагони равияи омӯзгорӣ бе сабаб ва қисми дигар бо сабабҳои таҳсил дар зинаи магистратура ба ҷои кор ҳозир намешаванд. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баргардонидани маблағи таҳсил, дипломи аъло, ба шавҳар баромадан, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак аз сабабҳои дигари ҳозир нашудан ба ҷои кор арзёбӣ мешавад. Субҳонзода ҳамчунин таъкид намуд, ки барои беҳбуди кор, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии маҳаллӣ мутахассисон бояд аз имтиёзҳои пешбининамудаи ҳукумати Тоҷикистон баҳравар гарданд.
https://sputnik.tj/20230514/beshtar-million-afzoishi-tedod-khonandagon-maktab-istiqlol-1057103320.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102950/08/1029500856_63:0:1503:1080_1920x0_80_0_0_191fe228fc9cc52b2f32b15fcc47d803.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
чаро, сабаб, омӯзгорон, кор, мактаб
чаро, сабаб, омӯзгорон, кор, мактаб
Ихтисоси омӯзгориро даҳҳо ҳазор хатм мекунанду ба мактаб намераванд: Чаро?
Ҳозиршавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ доранд, дар доираи нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Ҳамасола ихтисосу равияҳои омӯзгориро дар муассисаҳои касбии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 21 ҳазор нафар хатм мекунанд.
Дар ин бора директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба нашрияи парлумонии "Садои мардум" иттилоъ додаст.
Ба гуфтаи ӯ, аз ин шумора 8,5-9 ҳазор нафарашон хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷетӣ мебошанд. Вай афзуд, сафарбарнамоии хатмкунандагон ва назорати ба ҷои кор ҳозиршавии онҳо метавонад пурра норасоии кадрҳои омӯзгориро дар кишвар таъмин намояд.
"Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ доранд, дар доираи нақшаҳои пешбинишуда амалӣ намешавад", - изҳор дошт ӯ.
Вай дар шарҳи ин ҳолат гуфт, қисме аз хатмкардагони равияи омӯзгорӣ бе сабаб ва қисми дигар бо сабабҳои таҳсил дар зинаи магистратура ба ҷои кор ҳозир намешаванд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, баргардонидани маблағи таҳсил, дипломи аъло, ба шавҳар баромадан, рухсатии ҳомиладорӣ ва нигоҳубини кӯдак аз сабабҳои дигари ҳозир нашудан ба ҷои кор арзёбӣ мешавад.
Субҳонзода ҳамчунин таъкид намуд, ки барои беҳбуди кор, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии маҳаллӣ мутахассисон бояд аз имтиёзҳои пешбининамудаи ҳукумати Тоҷикистон баҳравар гарданд.