https://sputnik.tj/20230514/zelenskiy-kiev-neru-siloh-hamla-qalamrav-rusiya-1057101873.html
Зеленский: Киев нерӯ ва силоҳ барои ҳамла ба қаламрави Русияро надорад
Зеленский: Киев нерӯ ва силоҳ барои ҳамла ба қаламрави Русияро надорад
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Украина ахиран эълон кардааст, ки Киев барои анҷом зарбаҳо дар дохили қаламрави Русия нерӯ ва силоҳ надорад
2023-05-14T18:40+0500
2023-05-14T18:40+0500
2023-05-14T18:40+0500
русия
дар русия
украина
владимир зеленский
нерӯ
аслиҳа
маскав
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1b/1051711650_0:0:2961:1666_1920x0_80_0_0_4469a9048be4a2b126f8fb1fd66b7c57.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Украина барои зарбаҳо ба қаламрави Русиян на ният ва на силоҳи кофӣ доард, гуфт раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар нишасти матбуотӣ бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дар Берлин."Мо ба қаламрави Русия ҳамла намекунем. Мо барои ин на қудрат дорем ва на вақт. Мо силоҳе надорем, ки бо он ин корро анҷом дода тавонем", - гуфт президенти Украина дар посух ба ин суол, ки оё ӯ барои мустахкам намудани мавкеи гуфтушунид бояд як кисми ҳудуди Россияро ишғол намояд.Ба гуфтаи Зеленский, омодагӣ ба ҳамлаи ҷавобӣ идома дорад, нерӯҳои мусаллаҳи Украина "барои муваффақият наздиканд".Ҳамзамон ӯ иқрор шуд, ки дар сурати нокомӣ Украина ва чанд кишвари дигар дар бораи зарурати музокироти сулҳ андеша хоҳанд кард.Ахиран Зеленский вориди пойтахти Олмон шуд ва бо Франк-Валтер Штайнмайер-раисҷумҳури Олмон дар қароргоҳи Беллевуи худ мулоқот кард.Баъд аз ин, вай ба идораи садри аъзам рафт, то бо Олаф Шолтс гуфтушунид кунад. Дар остонаи ин сафар ҳукумати Олмон дар бораи пешниҳоди бастаи кумаки низомӣ ба Киев ба маблағи 2,7 миллиард евро эълон кард.Дар бораи ҳамлаи қарибулвуқӯъи артиши Украина ҳам дар Киев ва ҳам дар Ғарб борҳо эълон шуда буд. Яке аз самтҳои ҳамла минтақаи Запорожие номида мешавад, ки мақсади он расидан ба соҳили баҳри Азов бо мақсади буридани долони заминӣ ба Қрим аст.Сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кард, ки Маскав ҳама гуна изҳоротро дар бораи ҳамлаи дарпешистода бодиққат назорат мекунад ва ҳангоми тарҳрезии амалиёти вижа онҳоро ба назар мегирад.
https://sputnik.tj/20230514/artishi-ukraina-jabha-sarboz-az-dast-dod-1057101260.html
русия
украина
маскав
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1b/1051711650_0:0:2581:1936_1920x0_80_0_0_b267ed76a2b0a53e2cfe7a727ebf970a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, украина, донбасс, зеленский, нерӯ, силоҳ, ҳамла, ҳудуд, анҷом
русия, украина, донбасс, зеленский, нерӯ, силоҳ, ҳамла, ҳудуд, анҷом
Зеленский: Киев нерӯ ва силоҳ барои ҳамла ба қаламрави Русияро надорад
Раисҷумҳури Украина ахиран эълон кардааст, ки Киев барои анҷом зарбаҳо дар дохили қаламрави Русия нерӯ ва силоҳ надорад
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Украина барои зарбаҳо ба қаламрави Русиян на ният ва на силоҳи кофӣ доард, гуфт раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский дар нишасти матбуотӣ бо садри аъзами Олмон Олаф Шолтс дар Берлин.
"Мо ба қаламрави Русия ҳамла намекунем. Мо барои ин на қудрат дорем ва на вақт. Мо силоҳе надорем, ки бо он ин корро анҷом дода тавонем", - гуфт президенти Украина дар посух ба ин суол, ки оё ӯ барои мустахкам намудани мавкеи гуфтушунид бояд як кисми ҳудуди Россияро ишғол намояд.
Ба гуфтаи Зеленский, омодагӣ ба ҳамлаи ҷавобӣ идома дорад, нерӯҳои мусаллаҳи Украина "барои муваффақият наздиканд".
Ҳамзамон ӯ иқрор шуд, ки дар сурати нокомӣ Украина ва чанд кишвари дигар дар бораи зарурати музокироти сулҳ андеша хоҳанд кард.
Ахиран Зеленский вориди пойтахти Олмон шуд ва бо Франк-Валтер Штайнмайер-раисҷумҳури Олмон дар қароргоҳи Беллевуи худ мулоқот кард.
Баъд аз ин, вай ба идораи садри аъзам рафт, то бо Олаф Шолтс гуфтушунид кунад. Дар остонаи ин сафар ҳукумати Олмон дар бораи пешниҳоди бастаи кумаки низомӣ ба Киев ба маблағи 2,7 миллиард евро эълон кард.
Дар бораи ҳамлаи қарибулвуқӯъи артиши Украина ҳам дар Киев ва ҳам дар Ғарб борҳо эълон шуда буд. Яке аз самтҳои ҳамла минтақаи Запорожие номида мешавад, ки мақсади он расидан ба соҳили баҳри Азов бо мақсади буридани долони заминӣ ба Қрим аст.
Сухангӯи расмии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков таъкид кард, ки Маскав ҳама гуна изҳоротро дар бораи ҳамлаи дарпешистода бодиққат назорат мекунад ва ҳангоми тарҳрезии амалиёти вижа онҳоро ба назар мегирад.