Артиши Украина дар ду хатти ҷабҳа беш аз 600 нафар сарбозашро аз даст дод

© Sputnik / РИА Новости / Гузариш ба медиабонкБоевая работа САУ "Мста-С" в Южном секторе СВО
Боевая работа САУ Мста-С в Южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2023
Обуна шудан
Вазорати дифои Русия дар бораи талафоти артиши Украина танҳо дар ду хатти ҷабҳаро эълон кард. Дар як шабонурӯз 600 сарбози кушта сабт шудааст
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки нерӯҳои ҳавоӣ дар як шабонарӯз дар самти Соледар-Артемовск 24 парвоз анҷом доданд.
“Талафоти сарбозони украинӣ дар ин хати ҷабҳа 400 нафар арзёбӣ мешавад”, - гуфт вазорати дифоъ.
"Дар як рӯзи гузашта ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба ин минтақа 24 парвоз анҷом доданд. Тӯпхонаии гурӯҳ 107 супоришро анҷом доданд. Дар маҷмӯъ, дар самти Соледар-Артемовск талафоти умумии артиши Украина дар як шабонарӯз беш 400 сарбозро ташкил додааст. Ҳамчунин артиши Русия 12 танк, 18 мошини зиреҳпуш ҷангӣ, инчунин тӯпи Д-20”, - омадааст дар хабар.
Военнослужащие МО РФ выполняют боевые задачи в Харьковской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина барои ҳамла ба Луганск аз мушакҳои Бритониё истифода кард - Вазорати дифои Русия
Инчунин ба иттилои вазорати дифои Русия артиш дар ҷануби деҳаи Красное ҶМД ҳамлаҳои гурӯҳи тактикии артиши Украинаро рафъ карданд
“Дар натиҷа душман тақрибан 200 низомии худро талаф додааст”, - афзуд вазорати дифоъ.
"Воҳидҳои бригадаи 4-уми мототирандозӣ дар ҷануби дещаи Красное дар Ҷумҳурии Мардумии Донетск ҳамлаҳои гурӯҳи тактикии нерӯҳои украиниро рафъ карданд. Дар натиҷа душман ҳудуди дусад нафар низомии худро кушта ва захмӣ дод", -илова кард вазорати дифои Русия.
Лентаи хабарҳо
0