Усмонов барандаи медали биринҷии Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс гардид

© RCC Boxing Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге
Баходур Усмонов на на турнире RCC Boxing Promotion в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2023
Обуна шудан
Дар 12 соли ахир, Тоҷикистон аз Қаҳрамонии ҷаҳонии бокс медал нагирифта буд. Усмонов акнун нахустин медалро ба хазинаи варзишии кишвар овард
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Муштзани тоҷик, Баҳодур Усмонов дар мусобиқоти Қаҳрамонии бокси ҷаҳон медали биринҷӣ ба даст овард. Ин мусобиқа дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон сурат гирифт.
Дар бозии ниманиҳоӣ варзишгари тоҷик аз Чинзориг Баатарсух, намояндаи Муғулистон шикаст хӯрд. Вохӯрӣ дар вазни 63,5 кило бо ҳисоби 1:4 анҷом ёфт.
Қобили зикр аст, ки Баҳодур Усмонов акнун пас аз 12 сол аз ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ба хазинаи варзишии Тоҷикистон медал ворид кард.
Рақиби Баҳодур Усмонов дар нимфинал кист? Ваъдаи муштзани тоҷик ба мухлисон
Қаблан варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни наврасон дар Тайланд 3 ҷоиза ба даст оварда буданд.
Мунтахаби бокси Тоҷикистон дар мусобиқоти осиёӣ бомуваффақият баромад карда, чандин ҷоизаҳои биринҷиро ба хазинаи варзишии кишвар гузоштааст.
Лентаи хабарҳо
0