Русия ҷалби муҳоҷиронро барои кор тавсеа медиҳад

© Sputnik / Алексей ФилипповРабочие на строительстве жилого комплекса "Бригантина" в Долгопрудном, архивное фото
Рабочие на строительстве жилого комплекса Бригантина в Долгопрудном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2023
Обуна шудан
Мақомот ният доранд, ки инфрасохтори идораи давлатиро дар соҳаи муҳоҷират эҷод кунанд, ки танзими гардиши шаҳрвандони хориҷиро таъмин мекунанд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Дар Русия қасд доранд мизони ҷалби муташаккилонаи хориҷиёнро ба кор афзоиш диҳанд. Ин яке аз самтҳои сиёсати муҳоҷирати Федератсияи Русия гардид.
Президенти Русия Владимир Путин фармонеро дар бораи ислоҳи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷират имзо кард. Ҳуҷҷат дар портали расмии иттилооти ҳуқуқӣ нашр шудааст, ба ин тартиб, дар назар аст, шумори муҳоҷироне, ки ба фаъолияти корӣ дар Русия ҷалб мешаванд, афзоиш ёбад.
Дар назар аст, ки инфрасохторҳои иттилоотии идораи давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират, ки танзими гардиши шаҳрвандони хориҷиро таъмин хоҳанд кард. Барои амалӣ намудани назорати давлатӣ ва хизматрасонӣ ба муҳоҷирон, аз ҷумла меҳнат, мақомот ният доранд, технологияҳои муосирро ҷорӣ кунанд.
Рабочая встреча президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Дастури Путин ба масъулин: Барои мутобиқшавии муҳоҷирон шароит фароҳам намоед
Мониторинг инчунин барои арзёбии эҳтиёҷоти бозори меҳнати Русия ба қувваи корӣ гузаронида мешавад. Қаблан маълум шуд, ки ҳудуди 800 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ наметавонанд ба Русия барои кор ворид шаванд.
Маҳдудиятҳо тавассути Хадамоти федералии иҷрои ҷазо, Хадамоти федеролии амнияти Федератсияи Русия, Роспотребнадзор, Агентии федеролии тиббию биологӣ ва Хадамоти федеролии гумрук ҷорӣ карда шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0