https://sputnik.tj/20230513/bir-tojikiston-mln-dollar-judo-mekunad-1057087944.html
БИР ба Тоҷикистон 450 млн доллар ҷудо мекунад
БИР ба Тоҷикистон 450 млн доллар ҷудо мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳамоиши БИР дар Арабистони Саудӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки барои иҷрои тарҳҳои афзалиятноки иқтисодӣ ба Тоҷикистон маблағи калон ҷудо кунад
2023-05-13T15:06+0500
2023-05-13T15:06+0500
2023-05-13T15:06+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
пул
бир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101327/55/1013275523_0:597:4329:3032_1920x0_80_0_0_afbdcdd967d2a4bb5cc36c89bbec95d1.jpg
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бонки исломии рушд (БИР) барои иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон 450 млн доллар ихтисос медиҳад. Дафтари матбуоти вазорат хабар медиҳад, ки дар мулоқоти ҳайат таҳти сарварии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷасур дар шаҳри Ҷидда чунин тавофуқ ҳосил шуд.Ҷонибҳо рушди соҳаҳои иқтисод, аз қабили энергияи сабз, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бунёди роҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ, обёрии заминҳои кишт, бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва марказҳои логистикӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол ва баланд бардоштани иқтидори бахши хусусиро баррасӣ намуданд."Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд кардани маблағгузории лоиҳаҳо дар ин соҳаҳо ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуд", - қайд мекунад хадамоти матбуоти вазорат. Қаблан гурӯҳи Бонки исломии рушд барои тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон 641 млн доллар, аз ҷумла дар соли 2023 барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 150 млн доллар ҷудо карда буд. Раиси ин бонк гуфтааст, ки дар моҳҳои май-июн як ҳайъати Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон дидан карда, иҷрои чанд тарҳро баррасӣ хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20230214/tojikiston-roghun-sarmoyaguzori-digar-1054918304.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101327/55/1013275523_92:0:4135:3032_1920x0_80_0_0_e75b78eea35d0e9af1d3b2ee9c18db11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бир тоҷикистон пул иқтисод
бир тоҷикистон пул иқтисод
БИР ба Тоҷикистон 450 млн доллар ҷудо мекунад
Дар ҳамоиши БИР дар Арабистони Саудӣ тавофуқ ҳосил шуд, ки барои иҷрои тарҳҳои афзалиятноки иқтисодӣ ба Тоҷикистон маблағи калон ҷудо кунад
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Бонки исломии рушд (БИР) барои иҷрои тарҳҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон 450 млн доллар ихтисос медиҳад.
Дафтари матбуоти вазорат хабар медиҳад, ки дар мулоқоти ҳайат таҳти сарварии вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ва президенти Бонки исломии рушд Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷасур дар шаҳри Ҷидда чунин тавофуқ ҳосил шуд.
"Бар асоси натоиҷи музокирот, Бонки исломии рушд ихтисоси беш аз 450 млн доллар барои иҷрои тарҳҳои афзалиятнок дар Тоҷикистонро пешбинӣ кардааст", - омадааст дар гузориш.
Ҷонибҳо рушди соҳаҳои иқтисод, аз қабили энергияи сабз, аз ҷумла сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бунёди роҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ, обёрии заминҳои кишт, бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва марказҳои логистикӣ, истеҳсоли маҳсулоти ҳалол ва баланд бардоштани иқтидори бахши хусусиро баррасӣ намуданд.
"Президенти Гурӯҳи БИР омодагии худро барои зиёд кардани маблағгузории лоиҳаҳо дар ин соҳаҳо ва фаъол гардонидани ҳамкориҳои минбаъда изҳор намуд", - қайд мекунад хадамоти матбуоти вазорат.
Қаблан гурӯҳи Бонки исломии рушд барои тарҳҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон 641 млн доллар, аз ҷумла дар соли 2023 барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун 150 млн доллар ҷудо карда буд.
Раиси ин бонк гуфтааст, ки дар моҳҳои май-июн як ҳайъати Бонки исломии рушд аз Тоҷикистон дидан карда, иҷрои чанд тарҳро баррасӣ хоҳад кард.