Мақомоти Суғд соҳибкорони Челябинский Русияро ба сохтани корхонаҳои муштарак даъват кард

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдТашрифи соҳибкорони Челябински Русия ба вилояти Суғд
Ташрифи соҳибкорони Челябински Русия ба вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Обуна шудан
Беш аз 20 нафар соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳии вилояти Челябински Русия ба вилояти Суғд омадаанд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳадаф аз сафари гуруҳи соҳибкорони вилояти Челябински Русия тақвияти ҳамкориҳо буда, дар доираи ин сафар меҳмонон бо фаъолияти як қатор корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос мешаванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ҳайти вилояти Челябински Русия бо роҳбарии муовини губернатори вилоят Сергей Сушков ва президенти Палатаи савдо ва саноати минтақаи Урали ҷанубӣ Фёдр Дегтярёв бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфтугӯ карданд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки ҳамкории​ миёни минтақаҳои ду мамлакат беҳтар гардида истодааст.
Раиси вилояти Суғ қайд кард, ки ҳоло дар вилояти Суғд бо ҷалби сармоя аз Русия якчанд корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, дар оянда низ дар назар аст, ки тарҳҳои нави муштарак амалӣ карда шавад.
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2023
Имзои созишномаи ҷадид миёни Тоҷикистон ва Русия - видео
Раҷаббой Аҳмадзода ба соҳибкорони рус гуфт, ки вилоят барои ташкили корхонаҳои муштарак омода аст.
Дар ҳамин ҳол, муовини губернатори вилояти Челябинск Сергей Сушков ҳадаф аз сафари гуруҳи соҳибкоронро тавсеи ҳамкории дуҷониба арзёбӣ кард.
Вай қайд кард, ки беш аз 20 нафар соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ба Суғд омадаанд.
“Давоми се рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд шинос мешаванд ва бо соҳибкорони тоҷик мулоқот намуда, барои таҳкими муносиботи иқтисодӣ аз имкониятҳо истифода менамоянд”, - гуфт ӯ.
Манбаъ хабар додааст, ки соҳибкорони вилояти Челябинск аз корхонаву ширкатҳои "ММК Агро", "Боғи миллии Ваҳдат", Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", ҶДММ "Норд Азия метал", ҶДММ "Суғдпак", ҶДММ "Тоҷфилиз", КВД "Фулузоти нодири Тоҷикистон", ҶСП "Оби зулол", мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Шаҳристон ва Бобоҷон Ғафуров боздид менамоянд.
Лентаи хабарҳо
0