Имзои созишномаи ҷадид миёни Тоҷикистон ва Русия - видео

© Sputnik / Рамиз БахтияровПисьменные принадлежности
Письменные принадлежности - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2023
Обуна шудан
Ҳамкории тоҷикистону Русия тақвият меёбад. Миёни ду кишвар бораи эътирофи мутақобилаи стандартҳои техникӣ шартномаи нав ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Ахиран мақомоти Тоҷикистону Русия дар шаҳри Душанбе созишнома дар бораи эътирофи мутақобилаи стандартҳои техникиро ба имзо расониданд.
“Ин санад миёни ниҳодҳои стандартизатсияи метрологияи ҳисоббаробаркуниҳои техникии ду кишвар ба имзо расид”, - гуфт Денис Мантуров дар пайи натоиҷи комиссияи ҳамкориҳои низомиву иқтисодии СПАД.
Вай афзуд, ин санад барои сиёсати ягонаи саноатӣ ва ягонагии равишҳо ба рушди саноати коркард замина хоҳад шуд.
Чанде пеш енис Мантуров, муовини нахуствазири Русия гуфт, ки имкониятҳои шарикии байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоли ҳозир пурра роҳандозӣ нашудааст.
"Мо дар як давраи душвори ноустувории геополитикӣ ҷамъ омадем. Дар ин давра таҳкими иқтидори дифоии кишварҳои узви СПАД муҳим мебошад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Мантуров, аҳдофи аслии ин Созмон ҳамкориҳои илмию истеҳсолӣ дар тавлиди маҳсулоти низомӣ, ҳамчунин таҷдид ва таъмири онҳо, ҳамгироии корхонаҳои дифои кишварҳои СПАД ва стандартсозии аслиҳа дар чаҳорчӯби ин созмон аст.
Вай афзуд, ки бояд шаклҳои нави муколама ва табодули салоҳиятҳоро таҳия кард ва вазифаи асосии СПАД нигоҳ доштани мувозинатест, ки дар минтақа ба вуҷуд омадааст: Созмон бояд манфиатҳои миллии аъзои худро ба назар гирад.
Лентаи хабарҳо
0