https://sputnik.tj/20230512/sanoati-tojikiston-tanosub-mintaqa-1057065084.html
Саноати Тоҷикистон дар таносуби минтақаҳо
Саноати Тоҷикистон дар таносуби минтақаҳо
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рушди соҳаи саноат дар кишварро дар соли 2022 миёни кишварҳои ИДМ яке аз баландтаринҳо мегӯянд
2023-05-12T13:40+0500
2023-05-12T13:40+0500
2023-05-12T13:40+0500
дар тоҷикистон
саноат
тасвирбаён
рушд
истеҳсолот
суғд
вмкб
хатлон
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0b/1057038468_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_ce77a1f601290c3e63cac2c9fa39f41e.png
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон давоми соли 2022 ба 43 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ наздики 6 млрд сомонӣ бештар мебошад.Ба иттилои мақомоти тоҷик, рушди соҳаи саноати Тоҷикистон бе назардошти бахши энергетика ба андозаи 20% ва бо назардошти ин бахш беш аз 15% таъмин шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, баландтарин нишондиҳандаҳои тавлидоти саноатӣ ба шимоли кишвар рост омада, аз нисф зиёди колои саноатӣ дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст. Таъсиси 20 корхонаи нав дар се моҳ дар шаҳри ХуҷандҲиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ наздики чоряк буда, ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ даҳяк рост меояд. Беш аз 8%-и тавлидоти саноатӣ ба Душанбе ва 0,4% дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон амалӣ шудааст. Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 61% ба саноати коркард, зиёда аз 20% ба саноати истихроҷ, наздики 18% ба таъминоти барқ, газ, буғ ва камтар аз 1% ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ ва коркарди партовҳо рост омадааст.
суғд
вмкб
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0b/1057038468_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_91b198923dd33699db92bb72f9d60f2d.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рушд, саноат, минтақа, тоҷикистон
рушд, саноат, минтақа, тоҷикистон
Саноати Тоҷикистон дар таносуби минтақаҳо
Мақомоти саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон рушди соҳаи саноат дар кишварро дар соли 2022 миёни кишварҳои ИДМ яке аз баландтаринҳо мегӯянд
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон давоми соли 2022 ба 43 млрд сомонӣ баробар шудааст, ки нисбати нишондоди соли қаблӣ наздики 6 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Ба иттилои мақомоти тоҷик, рушди соҳаи саноати Тоҷикистон бе назардошти бахши энергетика ба андозаи 20% ва бо назардошти ин бахш беш аз 15% таъмин шуд.
Тибқи маълумоти оморӣ, баландтарин нишондиҳандаҳои тавлидоти саноатӣ ба шимоли кишвар рост омада, аз нисф зиёди колои саноатӣ дар вилояти Суғд истеҳсол шудааст.
Ҳиссаи вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ наздики чоряк буда, ба навоҳии тобеи ҷумҳурӣ даҳяк рост меояд.
Беш аз 8%-и тавлидоти саноатӣ ба Душанбе ва 0,4% дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон амалӣ шудааст.
Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон беш аз 61% ба саноати коркард, зиёда аз 20% ба саноати истихроҷ, наздики 18% ба таъминоти барқ, газ, буғ ва камтар аз 1% ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ ва коркарди партовҳо рост омадааст.