https://sputnik.tj/20230512/qaror-raisi-dushanbe-jashnvorai-baynalmilali-1057056039.html
Қарори раиси Душанбе барои баргузории ҷашнвораи байналмилалӣ
Қарори раиси Душанбе барои баргузории ҷашнвораи байналмилалӣ
Sputnik Тоҷикистон
Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони "Истеъдодҳои наврас" дар рӯзҳои таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мешавад
2023-05-12T09:41+0500
2023-05-12T09:41+0500
2023-05-12T09:41+0500
дар тоҷикистон
маориф
фарҳанг
фестивал
ҷашнвора
душанбе
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/42/1030334265_0:22:1281:742_1920x0_80_0_0_8701acc77cc0abdfb2e7a03988203215.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ барои баргузор намудани Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони "Истеъдодҳои наврас" беш аз 350 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст. Ба иттилои шаҳрдорӣ, рӯзҳои баргузории ҷашнвораи "Истеъдодҳои наврас" рӯзҳои 26 - 30 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе муқаррар шудааст.Сарраёсати молияи пойтахт муваззаф шудааст, аз ҳисоби сарфаи маблағҳои пешбинишуда барои соҳаи маориф, бароио баргузории "Истеъдодҳои наврас" маблағи 353 ҳазор сомониро ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.Ба иттилои шаҳрдорӣ, ҳадафи ин ҷашнвора фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигарӣ мебошад. Табодули иттилоъ ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, театр ва ансамблҳои кӯдакона ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас аз ҳадафҳои дигар арзёбӣ шудаанд. Роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ дастур гирифтаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивали "Истеъдодҳои наврас" тадбирҳо андешанд.
https://sputnik.tj/20230505/master-margarita-dushanbe-behtarin-1056899927.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103033/42/1030334265_0:0:1205:904_1920x0_80_0_0_1d63fc3b8a181c2a2d10a1f6971753cc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
наврасон, боистеъдод, ҷамъ, душанбе, қарор, рустами эмомалӣ
наврасон, боистеъдод, ҷамъ, душанбе, қарор, рустами эмомалӣ
Қарори раиси Душанбе барои баргузории ҷашнвораи байналмилалӣ
Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони "Истеъдодҳои наврас" дар рӯзҳои таҷлил аз Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Раиси пойтахт, Рустами Эмомалӣ барои баргузор намудани Фестивали III байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасон таҳти унвони "Истеъдодҳои наврас" беш аз 350 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, рӯзҳои баргузории ҷашнвораи "Истеъдодҳои наврас" рӯзҳои 26 - 30 июни соли 2023 дар шаҳри Душанбе муқаррар шудааст.
Сарраёсати молияи пойтахт муваззаф шудааст, аз ҳисоби сарфаи маблағҳои пешбинишуда барои соҳаи маориф, бароио баргузории "Истеъдодҳои наврас" маблағи 353 ҳазор сомониро ба суратҳисоби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, ҳадафи ин ҷашнвора фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдод, тарғиби арзишҳои инсонпарварона, сулҳу ваҳдат, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба урфу одат ва фарҳангу тамаддуни ҳамдигарӣ мебошад.
Табодули иттилоъ ва таҷриба байни муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон, театр ва ансамблҳои кӯдакона ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас аз ҳадафҳои дигар арзёбӣ шудаанд.
Роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ дастур гирифтаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивали "Истеъдодҳои наврас" тадбирҳо андешанд.