https://sputnik.tj/20230505/master-margarita-dushanbe-behtarin-1056899927.html
"Мастер ва Маргарита" дар Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд
"Мастер ва Маргарита" дар Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд
Sputnik Тоҷикистон
Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2023" дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбаст гардид
2023-05-05T12:44+0500
2023-05-05T12:44+0500
2023-05-05T12:49+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
намоиш
озмун
ҷашнвораи "парасту"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102227/39/1022273943_0:111:2501:1517_1920x0_80_0_0_ba24579bafb8f759543ac025991762c1.jpg
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. "Шоҳҷоиза"-и ҷашнвораи "Парасту - 2023" ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ба намоиши "Мастер ва Маргарита" аз рӯи асари Михаил Булгаков дар таҳияи Хуршед Мустафоев дода шуд.Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки ҷоизасупорӣ бо иштироки ёрдамчии президент, Эмомалӣ Насриддинзода, вазири фарҳанг, Зулфия Давлатзода ва роҳбарони дигар мақомоти кишвар баргузор шуд. Дар номинаи беҳтарин намоиш бошад, "Пораабри сафеди Чингизхон"-и Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Суҳроб Усмонов сазовори ҷойи якум гардид, афзуд ӯ. Ҷойи дуюм ба намоиши "Зол ва Рудоба"-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода дода шуд.Ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши "Савдо" дар таҳияи Умед Хусравов дода шуд, омадааст дар иттилоия. Фестивали мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии ҳунарпешаи халқии ҷумҳурӣ Хушназар Майбалиев баргузор гардид. Дар ҷашнвора – озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021 - 2022 рӯи саҳна омадаанд, барои мухлисони санъати театрӣ ва қазовати ҳайати ҳакамон пешниҳод гардид. Мавриди зикр аст, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту – 2023" анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.
https://sputnik.tj/20230430/konsert-tolibkhon-shahidi-dushanbe-video-1056782655.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102227/39/1022273943_133:0:2358:1669_1920x0_80_0_0_9c474cf53c2df21a1ee73a83aa47b075.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, баранда, ҷашнвора, парасту, ғолиб, театр
эълон, баранда, ҷашнвора, парасту, ғолиб, театр
"Мастер ва Маргарита" дар Тоҷикистон беҳтарин дониста шуд
12:44 05.05.2023 (Навсозишуда: 12:49 05.05.2023) Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту-2023" дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. "Шоҳҷоиза"-и ҷашнвораи "Парасту - 2023" ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ба намоиши "Мастер ва Маргарита" аз рӯи асари Михаил Булгаков дар таҳияи Хуршед Мустафоев дода шуд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки ҷоизасупорӣ бо иштироки ёрдамчии президент, Эмомалӣ Насриддинзода, вазири фарҳанг, Зулфия Давлатзода ва роҳбарони дигар мақомоти кишвар баргузор шуд.
Дар номинаи беҳтарин намоиш бошад, "Пораабри сафеди Чингизхон"-и Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Суҳроб Усмонов сазовори ҷойи якум гардид, афзуд ӯ.
Ҷойи дуюм ба намоиши "Зол ва Рудоба"-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода дода шуд.
Ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши "Савдо" дар таҳияи Умед Хусравов дода шуд, омадааст дар иттилоия.
Фестивали мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии ҳунарпешаи халқии ҷумҳурӣ Хушназар Майбалиев баргузор гардид.
Дар ҷашнвора – озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021 - 2022 рӯи саҳна омадаанд, барои мухлисони санъати театрӣ ва қазовати ҳайати ҳакамон пешниҳод гардид.
Мавриди зикр аст, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту – 2023" анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.