https://sputnik.tj/20230512/pisari-maqomdori-tojik-dovtalabona-komissariati-harbi-1057054673.html
Писари мақомдори тоҷик довталабона ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд
Писари мақомдори тоҷик довталабона ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд
Sputnik Тоҷикистон
Писари паиси ҷамоати деҳоти Хурмӣ, ки донишҷӯи соли аввали Донишкаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент будааст, довталабона ба сафи артиши кишвар пайваст
2023-05-12T09:02+0500
2023-05-12T09:02+0500
2023-05-12T09:36+0500
дар тоҷикистон
панҷакент
артиш
хидмати ҳарбӣ
аскарӣ
мақом
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102237/88/1022378829_0:0:2311:1301_1920x0_80_0_0_3a675da1ee06aaa6ed35a5c113c513eb.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бежан Камолиддинов, донишҷӯи соли аввали шуъбаи ғоибонаи факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва дифои ҳарбии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент довталабона ба комиссариати ҳарбии шаҳр барои хидмат дар сафҳои неруҳои мусаллаҳ муроҷиат кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, Бежанро падараш, раиси ҷамоати деҳоти Хурмӣ, Ҳусниддин Камолиддинов ва аҳли оилаю наздикон бо фотиҳаи нек ба хидмати ҳарбӣ гусел карданд.Таъкид шудааст, ки писари раиси ҷамоати деҳоти Хурмӣ ду соли хидмати ҳарбиро барои худ идомаи таҳсил дар донишкада медонад.“Ӯ барои омӯзгори фанни дифои ҳарбӣ хидмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро шарти аввал, мактаби обу тоби ҷисмонӣ ва изҳори садоқат ба Ватан меҳисобад”, - қайд кардааст манбаъ.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони Суғд аз паст будани корҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ намуда буд.Мансабдорони шаҳри Конибодом дар фиристодани фарзандонашон ба сафи хизмати ҳарбӣ нисбатан пешсаф гуфта шуда буданд, ки 17 роҳбар дар шаҳр писарашро ба аскарӣ равон кардааст."Дар ин самт шаҳри Конибодом фаъол буда, то ҳол 17 нафар ва аз шаҳри Исфара 6 нафар роҳбарон фарзандони худро ба хизмати ватан сафарбар намудаанд", - изҳор дошта буд додситонӣ. Тибқи дастури ҳукумати мамлакат роҳбарону мансабдорон дар масъалаи сафарбаркунии фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ бояд пешсаф ва намунаи ибрат бошанд.
https://sputnik.tj/20230405/rahmon-mansabdor-farzand-khizmat-gusel-1056192434.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102237/88/1022378829_254:0:2311:1543_1920x0_80_0_0_34017ad5017bb70fa8e3a36dbb9bb0e8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, мақомдори тоҷик, писар, довталабона, комисариати ҳарбӣ, артиш, сафи артиш, ҳозир, панҷакент
тоҷикистон, мақомдори тоҷик, писар, довталабона, комисариати ҳарбӣ, артиш, сафи артиш, ҳозир, панҷакент
Писари мақомдори тоҷик довталабона ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуд
09:02 12.05.2023 (Навсозишуда: 09:36 12.05.2023) Писари раиси ҷамоати деҳоти Хурмӣ, ки донишҷӯи соли аввали Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент довталабона ба сафи артиши кишвар пайваст
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бежан Камолиддинов, донишҷӯи соли аввали шуъбаи ғоибонаи факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва дифои ҳарбии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент довталабона ба комиссариати ҳарбии шаҳр барои хидмат дар сафҳои неруҳои мусаллаҳ муроҷиат кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Бежанро падараш, раиси ҷамоати деҳоти Хурмӣ, Ҳусниддин Камолиддинов ва аҳли оилаю наздикон бо фотиҳаи нек ба хидмати ҳарбӣ гусел карданд.
Таъкид шудааст, ки писари раиси ҷамоати деҳоти Хурмӣ ду соли хидмати ҳарбиро барои худ идомаи таҳсил дар донишкада медонад.
“Ӯ барои омӯзгори фанни дифои ҳарбӣ хидмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳро шарти аввал, мактаби обу тоби ҷисмонӣ ва изҳори садоқат ба Ватан меҳисобад”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони Суғд аз паст будани корҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ намуда буд.
Мансабдорони шаҳри Конибодом дар фиристодани фарзандонашон ба сафи хизмати ҳарбӣ нисбатан пешсаф гуфта шуда буданд, ки 17 роҳбар дар шаҳр писарашро ба аскарӣ равон кардааст.
"Дар ин самт шаҳри Конибодом фаъол буда, то ҳол 17 нафар ва аз шаҳри Исфара 6 нафар роҳбарон фарзандони худро ба хизмати ватан сафарбар намудаанд", - изҳор дошта буд додситонӣ.
Тибқи дастури ҳукумати мамлакат роҳбарону мансабдорон дар масъалаи сафарбаркунии фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ бояд пешсаф ва намунаи ибрат бошанд.