Раҳмон гуфт, чанд мансабдор фарзандашро ба артиш гусел кард

© Пресс-служба президента РТРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Обуна шудан
Додситони кулли Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолони Суғд аз паст будани корҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон изҳори нигаронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Мансабдорони шаҳри Конибодом дар фиристодани фарзандонашон ба сафи хизмати ҳарбӣ нисбатан пешсаф буда, то ҳол 17 роҳбар дар шаҳр писарашро ба аскарӣ равон кардааст.
Ин нукта зимни мулоқот гуруҳи кории ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати додситони кулли ҷумҳурӣ, Юсуф Раҳмон ва котиби шӯрои амнияти кишвар Насрулло Маҳмудзода бо фаъолон дар шаҳри Конибодом таъкид гардид.
Ба иттилои додситони кулли Тоҷикистон, дар ҷамъомад фаъолон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрҳои Конибодому Исфара иштирок доштанд.
Аҳлиддин Баҳодурзода, писари раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2023
Фарзанди раиси шаҳри Исфара ба артиш рафт
Таъкид шудааст, ки тибқи дастури ҳукумати мамлакат роҳбарону мансабдорон дар масъалаи сафарбаркунии фарзандонашон ба хизмати ҳарбӣ бояд пешсаф ва намунаи ибрат бошанд.
"Дар ин самт шаҳри Конибодом фаъол буда, то ҳол 17 нафар ва аз шаҳри Исфара 6 нафар роҳбарон фарзандони худро ба хизмати ватан сафарбар намудаанд", - омадааст дар иттилоия.
Дар зимн додситони кулли Тоҷикистон аз ҷой доштани камбудиҳо дар ин самт изҳори нигаронӣ кардааст. Ба гуфтаи Юсуф Раҳмон паст будани корҳо дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии шаҳрвандон мояи ташвиш мебошад.
Вай зикр намудаст, ки нисбати 6 нафар сокинони шаҳри Конибодом ва 7 нафар бошандагони Исфара бинобар саркашӣ намудан аз хизмати ҳарбӣ парвандаҳои ҷиноятӣ боз карда шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки феълан маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон ҷараён дошта, то охири моҳи май идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0