Даргирӣ миёни гурӯҳи толибҳо дар Парвон: Чаҳор нигаҳбони Хуросонӣ дастгир шуданд

© Social mediaАбдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере
Абдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Обуна шудан
Манбаи маҳалӣ дар вилояти Парвон аз даргирии мусалаҳона миёни вулусвол Аҳмадободи вилояти Пактиё ва нерӯҳои вазорати дифои ин гурӯҳ хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Манобеъ хабар додааст, ки ин даргирӣ дар минтақаи Обидхиёли вулусволии Ҷаболулсроҷ рух додааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ба гуфтаи манобеъ, ин даргирӣ замоне рух дод, ки Абдулҳамиди Хуросонӣ бо афроди таҳти амраш барои гирифтории чанд тан аз сокинони вулусволии Ҷаболулсроҷ рафта буданд.
Манобеъ меафзоянд, ки пас даргирии як соъата неруҳои вазорати дифои толибҳо ба фармондиҳии мавлавии Фарҳод, фармондиҳи Фирқаи Багром, чаҳор тан аз афроди Хуросониро боздошт карданд.
Манобеъ изофа мекунанд, ки неруҳои вазорати дифои толибон Абдулҳамид Хуросониро ҳам нахуст боздошт, аммо дубора озод карданд.
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2023
Чин аз толибҳо хост, ҳукумат дар Афғонистон бо иштироки ҳамаи қавмҳо бошад
Ба иттилои манбаъ дар миёни толибҳо низ дар суҳбат бо рӯзномаи “8 субҳ” вуқуъи ин рӯйдодро таъйид карданд.
Ёдоварӣ мекунем, ки аз чанд моҳ ба ин сӯ миёни Абдулҳамиди Хуросонӣ ва вазорати дифои толибҳо ихтилофот вуҷуд дорад .
Манобеъ дар вазорати дифои ин гурӯҳ Хуросониро ба боздоштҳои худсарона ва боҷгирӣ аз мардум муттаҳам мекунанд, аммо ин иддао ҳамвора аз сӯйи вай такзиб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0