Чин аз толибҳо хост, ҳукумат дар Афғонистон бо иштироки ҳамаи қавмҳо бошад

© AFP 2023 / Mohd RasfanЧлены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле
Члены движения Талибан стоят на холме Вазир Акбар Хан в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.05.2023
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Чин аз толибҳо муборизаи қатъӣ бо гуруҳҳои террористӣ дар қаламрави Афғонистон ва ташкили ҳукумати фарогирро хост
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Вазири умури хориҷии Чин, Тсин Ган ба вазири умури хориҷии толибҳо, Амирхон Муттақӣ пешниҳод кардааст, ки ҳамкориҳои сеҷонибаро бо ҳузури Покистон густариш диҳанд.
Ба иттилои Sputnik Афғонистон, Ган таҳкими ҳамкориҳоро ангезаи истиқрори субот ва шукуфоӣ дар минтақа арзёбӣ кардааст.
"Ҷониби Чин итминон дод, ки ҳамеша соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Афғонистонро эҳтиром мекунад, вале хостори таъсиси ҳукумати фарогир бо намояндагии тамоми қавмҳою гуруҳҳои сиёсӣ мебошад", - гуфтаст дипломати баландпоя.
Чин ҳамчунин толибҳоро ба иҷрои ваъдаашон дар мубориза бо радикалҳо даъват карда, аз ин гуруҳ хостааст, аз сиёсати муътадил кор бигирад.
"Шумо бояд ба ваъдаи худ вафо кунед ва воқеан бо терроризм мубориза баред, ба террористон зарбаҳои қатъӣ занед", - гуфт вазири Чин ба Мутаққӣ.
Дар мавриди ҳамкориҳои дуҷониба, Пекин омода аст, ки муколамаро бо Кобул боз ҳам афзоиш диҳад, хабар медиҳад вазорати хориҷаи Чин.
Глава МИД Индии С. Джайшанкар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Вазири хориҷаи Ҳинд: Вазъи Афғонистон то ҳол мавриди таваҷҷуҳи СҲШ аст
Ахиран мулоқоти сеҷонибаи вазирони умури хориҷии толибҳо, Чин ва Покистон дар шаҳри Исломобод баргузор шуд.
Сафари Муттақӣ ба Исломобод аз ҳисоби Покистон бо иҷозати Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, чунин ин гуруҳ ва мақомдорони баландпояи он таҳти таҳримоти ин созмони байналмилалӣ қарор доранд.
Лентаи хабарҳо
0