https://sputnik.tj/20230512/chand-nafar-qarori-vurud-rusiya-1057063858.html
Чанд хориҷӣ ва бо қарори кадом ниҳодҳо ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд?
Чанд хориҷӣ ва бо қарори кадом ниҳодҳо ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд?
Sputnik Тоҷикистон
Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо қарорҳои Вазорати умури дохилӣ, Хадамоти федералии амният, Вазорати адлия, Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо манъ мешавад
2023-05-12T13:06+0500
2023-05-12T13:06+0500
2023-05-12T13:09+0500
дар русия
муҳоҷират
шаҳрвандон
мамнуъ
мамнуъ ул-вуруд
берункунии муҳоҷирон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0a/1031880370_0:110:3031:1814_1920x0_80_0_0_a5aed6b9e3b16c35a2663141cc5a99a0.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Қариб 800 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мебошанд, иттилоъ дод сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Валентина Казакова. Вай зимни ҳамоиши байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург изҳор дошт, ки ҳоло 797,8 ҳазор атбои хориҷӣ барои вуруд ба кишвар маҳдудият доранд. Казакова қайд кард, ки тасмим дар бораи радди вуруд асосан аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ қабул мешавад, вале дар ин раванд Вазорати адлия ва дигар идораҳо низ ҳаққи тасмимгирӣ доранд. Ҳамин тавр, Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо вуруди қариб 98 ҳазор, Хадамоти федералии амният қариб 89 ҳазорхориҷиро иҷозат намедиҳад. Илова бар ин, назкди 35 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби "Роспотребнадзор" ва Агентии федеролии тиббию биологӣ ва азҷониби Хадамоти федералии гумрук ва Росфинмониторинг наздики 12 ҳазор мамнуъ-ул-вуруд шудаанд. ВКД вуруди қариб 70% ё 548 ҳазор шаҳрванди хориҷиро бастаст, гуфт Казакова. Дар Русия одатан барои нақзи қонунгузории кишвар шаҳрвандони хориҷӣ ба феҳрасти афроди мамнуъ-ул-вуруд ворид мегарданд. Дар ҳамин ҳол, шумори муҳоҷирони ихроҷшуда аз Федератсияи Русия дар соли 2022 тақрибан се баробар афзудааст. Дар маҷмуъ ба иттилои мақомоти Русия соли гузашта қариби 3,5 млн муҳоҷири меҳнатӣ барои кор ба кишвар омадаанд, ки дар нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи сеяк зиёдтар мебошад.
https://sputnik.tj/20230503/tojikon-sol-jori-beshtar-rusiya-safar-1056840847.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0a/1031880370_125:0:2854:2047_1920x0_80_0_0_f07400abcb6fb760b0e8431b666e0702.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
киҳо, хориҷӣ, русия, мамнуъ, вуруд
киҳо, хориҷӣ, русия, мамнуъ, вуруд
Чанд хориҷӣ ва бо қарори кадом ниҳодҳо ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд?
13:06 12.05.2023 (Навсозишуда: 13:09 12.05.2023) Вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба Русия бо қарорҳои Вазорати умури дохилӣ, Хадамоти федералии амният, Вазорати адлия, Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо манъ мешавад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Қариб 800 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мебошанд, иттилоъ дод сардори Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Валентина Казакова.
Вай зимни ҳамоиши байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург изҳор дошт, ки ҳоло 797,8 ҳазор атбои хориҷӣ барои вуруд ба кишвар маҳдудият доранд.
Казакова қайд кард, ки тасмим дар бораи радди вуруд асосан аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ қабул мешавад, вале дар ин раванд Вазорати адлия ва дигар идораҳо низ ҳаққи тасмимгирӣ доранд.
Ҳамин тавр, Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо вуруди қариб 98 ҳазор, Хадамоти федералии амният қариб 89 ҳазорхориҷиро иҷозат намедиҳад.
Илова бар ин, назкди 35 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби "Роспотребнадзор" ва Агентии федеролии тиббию биологӣ ва азҷониби Хадамоти федералии гумрук ва Росфинмониторинг наздики 12 ҳазор мамнуъ-ул-вуруд шудаанд.
ВКД вуруди қариб 70% ё 548 ҳазор шаҳрванди хориҷиро бастаст, гуфт Казакова. Дар Русия одатан барои нақзи қонунгузории кишвар шаҳрвандони хориҷӣ ба феҳрасти афроди мамнуъ-ул-вуруд ворид мегарданд.
Дар ҳамин ҳол, шумори муҳоҷирони ихроҷшуда аз Федератсияи Русия дар соли 2022 тақрибан се баробар афзудааст.
Дар маҷмуъ ба иттилои мақомоти Русия соли гузашта қариби 3,5 млн муҳоҷири меҳнатӣ барои кор ба кишвар омадаанд, ки дар нисбат ба соли қаблӣ ба андозаи сеяк зиёдтар мебошад.