Тоҷикон дар соли ҷорӣ бештар ба Русия сафар мекунанд

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкТуристы в Москве
Туристы в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.05.2023
Обуна шудан
Хадамоти федеролии амният аз аввали соли ҷорӣ 17% афзоиши сафари шаҳрвандони хориҷӣ ба Русияро сабт кардааст
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Бештари вақт дар соли 2023 шаҳрвандони кишварҳои ҳамсоя ба Русия меоянд, аз Тоҷикистону Қазоқистон вуруди онҳо афзоиш ёфтааст.
Аз ҳама беш шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Русия сафар мекунанд, менависад РБК бо истинод ба омори хадамоти сарҳадии ХФА.
Дар давраи аз январ то марти соли 2023 аз аксари кишварҳои хориҷи дури Федератсияи Русия чиниҳо дидан кардаанд. Шумораи сафарҳо аз Чин 4,6 баробар афзуд.
Ҳамин тариқ, шумораи сафарҳои шаҳрвандони хориҷӣ ба Федератсияи Русия дар давраи аз моҳи январ то марти соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 17,6% зиёд шудааст.
Работа многофункционального центра государственных услуг, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2023
Қарор аст дар Русия низоми ягона мониторинги муҳоҷиронро роҳандозӣ намоянд
Агар кишварҳои Аврупо бошад, аксар вақт шаҳрвандони Эстония ва Финландия ба Русия дар давраи муайяншуда омадаанд. Аз Латвия, Литва ва Лаҳистон вуруди шаҳрвандон якчанд баробар афзуд.

"Дар авоили соли ҷорӣ хориҷиён аз марз бо Русия 3,3 млн маротиба убур кардаанд", - гуфт манбаъ.

Ҳамин тавр, барои муқоиса, дар семоҳаи аввали соли 2022 тақрибан 2,8 млн муҳоҷир ва сайёҳон буд.
Аммо ҳанӯз дар соли 2022 вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба кишвар бо маҳдудиятҳои коронавирус маҳдуд шуда буд. Пас аз бекор кардани онҳо, вазъият тағйир ёфт.
Лентаи хабарҳо
0