Афзоиши дубаробарии истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Илья Наймушин / Гузариш ба медиабонкРыбная ферма
Рыбная ферма - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Обуна шудан
Қисмати бештари гӯшти моҳӣ дар ҷануби Тоҷикистон - вилояти Хатлон истеҳсол шуда, дар зинаи дуюм вилояти Суғд дар мақоми сеюм навоҳии тобеи
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар давоми семоҳаи аввали солил равон ду баробар афзуд, иттилоъ дод Агентии омори кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар семоҳаи аввали соли 2023 моҳӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи қариб 32 млн сомониро ташкил додааст.
Таъкид шудааст, ки дар маҷмуъ дар саросари кишвар сайди моҳӣ ба 1,2 ҳазор тонна баробар шуд.
"Аз ҷумла дар вилояти Хатлон - 726, дар вилояти Суғд - 354, НТҶ - 168 тонна ва ВМКБ 0,3 тоннаро ташкил дод", - омадааст дар гузориш.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, таъсиси хоҷагиҳои нави моҳипарварӣ бо истифода аз технологияи нав, додани имтиёзҳои мусоид ба соҳибкорони моҳипарвар, таъсиси корхонаҳои истеҳсоли хӯроки моҳӣ ва коркарди гушти он аз ҷумлаи омилҳои такондиҳандаи рушди соҳа арзёбӣ мешаванд.
Дар ҳамин ҳол сайди моҳӣ дар Тоҷикистон аз моҳи апрел то 15 июн мамнуъ шудааст. Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ, ин маҳдудият ба марҳилаи тухмгузории моҳиҳо марбут мебошад.
Рыбное хозяйство  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.01.2023
“Сармои моҳикуш”: талаф ёфтани садҳо ҳазор моҳӣ дар Тоҷикистон
Ҳушдор дода шудааст, ки бар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, барои нақзи ин меъёр ба шахсони ҳуқуқӣ аз 3 то 5, барои шахсони мансабдор аз 10 то 15 ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки аз аввали соли равон ҳаҷми як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар ҷумҳурӣ 68 сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0