https://sputnik.tj/20230511/tojikiston-segona-mamultarin-kishvar-rusho-moh-may-shomil-1057038157.html
Тоҷикистон ба сегонаи маъмултарин кишвар барои русҳо дар моҳи май шомил шуд
Тоҷикистон ба сегонаи маъмултарин кишвар барои русҳо дар моҳи май шомил шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ба ғайр аз ҷумҳурӣ, дар рӯзҳои иди гузашта сокинони Россия боз ду давлати дигар — Беларус ва Туркияро интихоб карда, бештар ба он ҷо рафтанд
2023-05-11T13:50+0500
2023-05-11T13:50+0500
2023-05-11T13:56+0500
дар тоҷикистон
сайёҳӣ
русия
саёҳат ба тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103081/43/1030814349_0:85:1616:994_1920x0_80_0_0_7ff115d801554cb5715005475524824c.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ҷараёни вуруди сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи май афзоиш ёфтааст.Ин аз маълумоти мутахассисони "МегаФон", ки маълумоти муштариёнро дар роуминг таҳлил кардаанд, бармеояд.Ҳамин тариқ, дар рӯзҳои идҳои май 3 кишвар – Тоҷикистон, Туркия ва Беларус бештар маъмултарин самтҳо буданд. Аз 29-уми апрел то 9-уми май вуруди русҳо ба Туркия нисбат ба соли гузашта 70% афзоиш ёфтааст. Зимнан зикр мегардад, ки соли равон сафарҳои хориҷии русҳо дар давраи зикршуда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 чорякбаробар афзудааст. Ба панҷгонаи кишварҳои маъруфтарин барои сайёҳон Миср ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ шомиланд. Маъруфияти осоишгоҳҳои Миср барқарор шуда истодааст - ба ин ҷо барои идҳои май нисбат ба соли 2022 3,5 маротиба бештар сайёҳон омадаанд. Ҳаҷми сайёҳон ба Осиё хеле афзоиш ёфта, аммо кишварҳои ИДМ аз Русия назар ба пештара камтар гардишгар қабул карданд. Ҷараёни сайёҳон ба кишварҳои Осиё тадриҷан барқарор мешавад, ки бо кушода шудани сарҳадҳо ва барқарор шудани парвозҳои мустақим аз Федератсияи Русия алоқаманд аст. Шумораи сайёҳон дар Таиланд 30 маротиба афзуд, дар ҳоле ки кишварҳои Аврупо 7 фоизи сайёҳонро қабул карданд, ҳиссаи онҳо дар давоми сол 1% кам шуд. Ба гуфтаи таҳлилгарони ширкати мобилӣ, вилоятҳои Тюмен ва Свердловск, Маскав, Бошқирдистон ва Чеченистон аз ҷумлаи минтақаҳои бисёр боздидшаванда дар Федератсияи Русия будаанд.
https://sputnik.tj/20230504/sayyoh-tojik-rusiya-bozdid-1056886290.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103081/43/1030814349_88:0:1528:1080_1920x0_80_0_0_e1387a2d27c93f6dd4bbd2c2dffad999.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон самт маъмут сайёҳӣ русҳо
тоҷикистон самт маъмут сайёҳӣ русҳо
Тоҷикистон ба сегонаи маъмултарин кишвар барои русҳо дар моҳи май шомил шуд
13:50 11.05.2023 (Навсозишуда: 13:56 11.05.2023) Ба ғайр аз ҷумҳурӣ, дар рӯзҳои иди гузашта сокинони Россия боз ду давлати дигар — Беларус ва Туркияро интихоб карда, бештар ба он ҷо рафтанд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ҷараёни вуруди сайёҳон аз Русия ба Тоҷикистон дар даҳаи аввали моҳи май афзоиш ёфтааст.
Ин аз маълумоти мутахассисони "МегаФон", ки маълумоти муштариёнро дар роуминг таҳлил кардаанд, бармеояд.
Ҳамин тариқ, дар рӯзҳои идҳои май 3 кишвар – Тоҷикистон, Туркия ва Беларус бештар маъмултарин самтҳо буданд.
Аз 29-уми апрел то 9-уми май вуруди русҳо ба Туркия нисбат ба соли гузашта 70% афзоиш ёфтааст.
Зимнан зикр мегардад, ки соли равон сафарҳои хориҷии русҳо дар давраи зикршуда дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022 чорякбаробар афзудааст.
Ба панҷгонаи кишварҳои маъруфтарин барои сайёҳон Миср ва Амороти Муттаҳидаи Араб низ шомиланд.
Маъруфияти осоишгоҳҳои Миср барқарор шуда истодааст - ба ин ҷо барои идҳои май нисбат ба соли 2022 3,5 маротиба бештар сайёҳон омадаанд.
Ҳаҷми сайёҳон ба Осиё хеле афзоиш ёфта, аммо кишварҳои ИДМ аз Русия назар ба пештара камтар гардишгар қабул карданд.
Ҷараёни сайёҳон ба кишварҳои Осиё тадриҷан барқарор мешавад, ки бо кушода шудани сарҳадҳо ва барқарор шудани парвозҳои мустақим аз Федератсияи Русия алоқаманд аст.
Шумораи сайёҳон дар Таиланд 30 маротиба афзуд, дар ҳоле ки кишварҳои Аврупо 7 фоизи сайёҳонро қабул карданд, ҳиссаи онҳо дар давоми сол 1% кам шуд.
Ба гуфтаи таҳлилгарони ширкати мобилӣ, вилоятҳои Тюмен ва Свердловск, Маскав, Бошқирдистон ва Чеченистон аз ҷумлаи минтақаҳои бисёр боздидшаванда дар Федератсияи Русия будаанд.