https://sputnik.tj/20230504/sayyoh-tojik-rusiya-bozdid-1056886290.html
Маълум шуд, ки чӣ қадар сайёҳи тоҷик соли 2023 аз Русия боздид кардаанд
Маълум шуд, ки чӣ қадар сайёҳи тоҷик соли 2023 аз Русия боздид кардаанд
Sputnik Тоҷикистон
Ба Русия сайёҳон аз Туркия, Чин, Олмон фаъолона ташриф оварданд. Дар байни кишварҳои хориҷи наздик аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон низ будаанд
2023-05-04T17:56+0500
2023-05-04T17:56+0500
2023-05-04T17:56+0500
дар тоҷикистон
русия
сайёҳӣ
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041111042_0:126:3193:1922_1920x0_80_0_0_8a224fe3d64cabb189c8ba446e56fd09.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2023 3,3 ҳазор сайёҳони тоҷик ба Русия сафар кардаанд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи туроператорони Федератсияи Русия.Онҳо қайд карданд, ки аксари сафарҳое, ки ба унвони сафари туристӣ номбар шудаанд, воқеан ба туризми классикӣ тааллуқ надоранд. Тибқи натоиҷи моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Туркия дар чунин гардиши сайёҳон ба Русия ҷои аввалро гирифт – 10,1 ҳазор боздид. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022, ҷараёни сайёҳон аз он ҷо ду баробар афзоиш ёфтааст. Чин яке аз пешсафони гардиши сайёҳон ба Русия шуд, маҳз дар ин давра 6,2 ҳазор сайёҳи чинӣ сафар кардаанд. "Чин бори аввал аз оғози пандемияи коронавирус аз рӯи шумораи боздидҳои сайёҳӣ ба Русия ба хеле боло рафта, якбора ҷои дуюмро гирифт", - гуфт манбаъ. Илова бар ин, сайёҳон аз Олмон (5,1 ҳазор), Туркманистон (4,7 ҳазор), Қирғизистон (4,5 ҳазор) ва дигар кишварҳо ба Русия фаъолона сафар кардаанд. Дар маҷмӯъ, гардиши сайёҳони воридшуда ба кишвар 67,7 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 10 ҳазор зиёд, вале дар баробари ин нисбат ба давраи "пандемия" соли 2019 7 маротиба камтар аст.
https://sputnik.tj/20230503/tojikon-sol-jori-beshtar-rusiya-safar-1056840847.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/16/1041111042_231:0:2962:2048_1920x0_80_0_0_d2324d192292495d2885d0cfceb70616.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сайёҳ тоҷик русия боздид
Маълум шуд, ки чӣ қадар сайёҳи тоҷик соли 2023 аз Русия боздид кардаанд
Ба Русия сайёҳон аз Туркия, Чин, Олмон фаъолона ташриф оварданд. Дар байни кишварҳои хориҷи наздик аз Тоҷикистон, Туркманистон ва Қирғизистон низ будаанд
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2023 3,3 ҳазор сайёҳони тоҷик ба Русия сафар кардаанд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи туроператорони Федератсияи Русия.
Онҳо қайд карданд, ки аксари сафарҳое, ки ба унвони сафари туристӣ номбар шудаанд, воқеан ба туризми классикӣ тааллуқ надоранд.
"Шумо бояд бифаҳмед, ки одамон расман раводиди сайёҳӣ гирифтаанд, аммо онҳо барои он нарафтанд - масалан, бо сабабҳои тиҷоратӣ ё шахсӣ, на барои дидан ё фароғат", - шарҳ дод иттиҳодия.
Тибқи натоиҷи моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Туркия дар чунин гардиши сайёҳон ба Русия ҷои аввалро гирифт – 10,1 ҳазор боздид.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022, ҷараёни сайёҳон аз он ҷо ду баробар афзоиш ёфтааст.
Чин яке аз пешсафони гардиши сайёҳон ба Русия шуд, маҳз дар ин давра 6,2 ҳазор сайёҳи чинӣ сафар кардаанд.
"Чин бори аввал аз оғози пандемияи коронавирус аз рӯи шумораи боздидҳои сайёҳӣ ба Русия ба хеле боло рафта, якбора ҷои дуюмро гирифт", - гуфт манбаъ.
Илова бар ин, сайёҳон аз Олмон (5,1 ҳазор), Туркманистон (4,7 ҳазор), Қирғизистон (4,5 ҳазор) ва дигар кишварҳо ба Русия фаъолона сафар кардаанд.
Дар маҷмӯъ, гардиши сайёҳони воридшуда ба кишвар 67,7 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 10 ҳазор зиёд, вале дар баробари ин нисбат ба давраи "пандемия" соли 2019 7 маротиба камтар аст.