https://sputnik.tj/20230510/rustami-emomali-intizori-berdimuhammadov-dushanbe-1057030031.html
Рустами Эмомалӣ интизорияшро аз сафари Бердимуҳаммадов ба Душанбе баён дошт
Рустами Эмомалӣ интизорияшро аз сафари Бердимуҳаммадов ба Душанбе баён дошт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Туркманистон дар доираи нахустин сафари давлатияш ба Тоҷикистон бо роҳбарони ҳарду палатаи Маҷлиси олии ҷумҳурӣ мулоқот кард
2023-05-10T20:55+0500
2023-05-10T20:55+0500
2023-05-10T20:55+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
рустами эмомалӣ
сардор бердимуҳаммадов
мулоқот
ҳамкор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057029455_0:41:828:507_1920x0_80_0_0_e102790d401c2943e20d6ea61c0c6de1.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, Бердимуҳаммадовро хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ кардааст, ки сафари нахустини давлатии ӯ ба Тоҷикистон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.Ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин густариши робитаҳои байнипарламентӣ аз масоили меҳварии мулоқот будаанд. "Ҳамчунин зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарии минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия. Бердимуҳаммадов ҳамчунин бо роҳбари палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот дошта, дар мавриди муносиботи ду кишвар табодули афкор намудаанд. Раиси Маҷлиси намояндагон сафари Бердимуҳаммадовро як рӯйдоди гуворо ва хотирмон унвон кардаст, ки ба гуфтаи вай ба рушду таҳкими дӯстии байни халқҳои ду кишвар мусоидат мекунад.Ахиран дар пайи музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури роҳбарони ду кишвар 23 санади ҳамкорӣ имзо шуданд, ки бахшҳои мухталиф аз тандурустӣ, то иқтисоду кишоварзӣ ва амниятро фаро мегиранд.
https://sputnik.tj/20230510/tojikiston-turkmaniston-23-sanad-hamkori-imzo-1057014725.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0a/1057029455_49:0:780:548_1920x0_80_0_0_9d90d8f79084f77df38e42cf8efa0c63.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, рустами эмомалӣ, ҳамкорӣ, сардор бердимуҳаммадов
мулоқот, рустами эмомалӣ, ҳамкорӣ, сардор бердимуҳаммадов
Рустами Эмомалӣ интизорияшро аз сафари Бердимуҳаммадов ба Душанбе баён дошт
Раисҷумҳури Туркманистон дар доираи нахустин сафари давлатияш ба Тоҷикистон бо роҳбарони ҳарду палатаи Маҷлиси олии ҷумҳурӣ мулоқот кард
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ бо президенти Туркманистон, Сардор Бердимуҳаммадов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, Бердимуҳаммадовро хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ кардааст, ки сафари нахустини давлатии ӯ ба Тоҷикистон дар рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии ду кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
Ҳамкориҳо дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин густариши робитаҳои байнипарламентӣ аз масоили меҳварии мулоқот будаанд.
"Ҳамчунин зимни вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳамдигарии минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Бердимуҳаммадов ҳамчунин бо роҳбари палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, Маҳмадтоир Зокирзода мулоқот дошта, дар мавриди муносиботи ду кишвар табодули афкор намудаанд.
Раиси Маҷлиси намояндагон сафари Бердимуҳаммадовро як рӯйдоди гуворо ва хотирмон унвон кардаст, ки ба гуфтаи вай ба рушду таҳкими дӯстии байни халқҳои ду кишвар мусоидат мекунад.
Ахиран дар пайи музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури роҳбарони ду кишвар 23 санади ҳамкорӣ имзо шуданд, ки бахшҳои мухталиф аз тандурустӣ, то иқтисоду кишоварзӣ ва амниятро фаро мегиранд.