Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

То пурра озод кардани шаҳри Артемовск 742 метр мондааст

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкБойцы группы Вагнера ведут бой в центре Артемовска
Бойцы группы Вагнера ведут бой в центре Артемовска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2023
Обуна шудан
Шаҳри Артемовск дар ҶМД амалан озод карда шуд, то даромадгоҳи шаҳр тақрибан 740 метр боқӣ мондааст, ки таҳти назорати нерӯҳои украинӣ қарор дорад, гуфт як сарбози гурӯҳи Вагнер ба хабаргузории РИА “Новости”
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Ахиран неруҳои Русия бинои назди мактабро аз нерӯҳои украинӣ пок кардан два ба охирин минтақаи қавишудаи артиши Украина дар шаҳр наздик шуданд.
“Агар аз ин бино нигоҳ кунем то баромадгох аз шахр (чорроҳаи кӯчаҳои Юбилейная ва Леваневский, ки қад-қади он Кувваҳои Мусаллаҳи Украина нерӯҳои худро таъмин мекунанд. — Ред.) тақрибан 742 метр рох мондааст. Каме намондааст", - гуфт мубориз.
Вай гуфт, душман, маҷбур шуд бааъд аз кучаи Чайковский ақибнишинӣ кунад. Ҳоло нерӯҳои Украина талош доранд онҷо хатти мудофиавӣ барпо кунанд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамин ҳол, нерӯҳои мусаллаҳи Украина муқовимати шадид нишон дода, мавқеъҳои Русияро тавассути тӯпхонаӣ тирборони шадиддоранд.
Морпехи Черноморского флота - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Украина дар самти Донетск беш аз 240 сарбозро дар як рӯз талаф дод
Артемовск дар шимоли Горловка вокеъ аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи украинӣ дар Донбасс аст. Моҳҳои зиёд аст, ки дар дохил ва берун аз шаҳр мухорибаҳои шадид давом доранд.
Чунон ки ахиран вазорати дифоъ хабар дод, нерӯҳои ҳамлагар озод кардани канораҳои шимолу ғарб шаҳри Артемовскро давом дода истодаанд. Ба онҳо нерӯҳои ҳавобурди Русия кумак доранд.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0