Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Украина дар самти Донетск беш аз 240 сарбозро дар як рӯз талаф дод

© Sputnik / Константин Михальчевский / Гузариш ба медиабонкМорпехи Черноморского флота
Морпехи Черноморского флота - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, ки давоми як шабонарӯз Украина беш аз 240 низомӣ ва зархаридро талаф дод
ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Талафоти умумии артиши Украина дар як шабонарӯз дар самти Донетск беш аз 240 нафар ро ташкил дод. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дода, афзуд, ки дар баробари низомиён зархаридон низ маҳз шуданд.
Манбаъ ҳамчунин аз корношоям шудани 8 техника, як анбори аслиҳаи мушакӣ ва тӯпхона низ хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, дар як рӯз дар самти Донетск ҳавопаймоҳо ва артиллерияи гурӯҳи "Ҷанубӣ" ба воҳидҳои 67-уми механиконидашуда, 80-уми ҳамлаи ҳавоӣ ва 5-уми ҳамлаи артиши Украина дар минтақаи Красный, Ступочек дар ҶМД ва дар канори ғарбии Артемовск зарба заданд.
Знак Бесполетная зона на Красной площади в Москве. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.05.2023
"Зарбаи ҷавобӣ"-и артиши Украина хусусияти бесарнишинӣ ва беақлона гирифт
Илова бар ин, дар минтақаи аҳолинишини Белокузминовкаи ҶМД як анбори аслиҳаи мушакӣ ва тӯпхонаи бригадаи 55-уми артиллерияи нерӯҳои украинӣ хароб карда шуд.
"Дар як шабонарӯз беш аз 240 нафар низомиён ва зархаридони украинӣ, се мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, чаҳор мошин, инчунин як тӯпхонаи худгарди "Гвоздика" нобуд карда шуд", - омадааст дар хабари вазорат.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0