https://sputnik.tj/20230511/ishqobod-omoda-doloni-naqliyoti-dushanbe-bahri-khazar-1057032704.html
Ишқобод омодаи эҷоди долони нақлиётӣ бо Душанбе то баҳри Хазар аст
Ишқобод омодаи эҷоди долони нақлиётӣ бо Душанбе то баҳри Хазар аст
Sputnik Тоҷикистон
Туркманистон аз Тоҷикистон даъват кард, ки аз имконоти бандари Туркманбошӣ дар баҳри Хазар барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ муштаракан истифода кунад
2023-05-11T11:02+0500
2023-05-11T11:02+0500
2023-05-11T11:02+0500
дар тоҷикистон
туркманистон
ҳамкорӣ
нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_314:415:3217:2048_1920x0_80_0_0_f30b8c5865bc2cbe0539068c5a9e25b4.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Туркманистон омода аст, ки якҷо бо Тоҷикистон як долони нақлиётӣ эҷод кунад, ки ду кишварро бо дастрасӣ ба баҳри Хазар мепайвандад. Дар ин бора Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, менависад рӯзномаи ҳукуматии "Бетараф Туркманистон". Раҳбари Туркманистон пешниҳод кард, ки аз имконоти бандари Туркманбошӣ (собиқ Красноводск) дар баҳри Хазар истифода шавад. Зимни суҳбат ӯ қайд кард, ки "авлавияти бечунучарои ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон имрӯз соҳаи нақлиёт мебошад". Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷо талошҳо бояд ба бунёди инфрасохтори тавоно ва муосир равона карда шаванд, ки муттаҳидшавии системаҳои нақлиётии Осиё, Аврупо ва Ховари Миёнаро таъмин намояд. Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки имкони аз сар гирифтани интиқоли мустақим ва транзитӣ байни Туркманистон ва Тоҷикистон баррасӣ шавад. Бердимуҳаммадов таъкид кард, ки Ишқобод омода аст барои эҷоди як долони нақлиётӣ, ки Туркманистон ва Тоҷикистонро бо дастрасӣ ба баҳри Хазар мепайвандад, ҳамкорӣ кунад. Ба андешаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки роҳи мустақим ба уқёнуси Ҷаҳонӣ надоранд, бояд барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз имконоти зерсохтори бандарии дарёи шарқии Хазар истифода кунанд. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар навбати худ изҳор дошт, ки кишварҳо нақша доранд ҳаҷми ҳамлу нақли бор аз тариқи автомобилӣ ва роҳи оҳан дар қаламрави ду кишварро афзоиш диҳанд.
https://sputnik.tj/20230510/rustami-emomali-intizori-berdimuhammadov-dushanbe-1057030031.html
туркманистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0b/19/1053056339_351:0:3082:2048_1920x0_80_0_0_34664b4173282c0d1ba50673e30d25c6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ишқобод омода эҷод долон нақлиёт душанбе баҳри хазар
ишқобод омода эҷод долон нақлиёт душанбе баҳри хазар
Ишқобод омодаи эҷоди долони нақлиётӣ бо Душанбе то баҳри Хазар аст
Туркманистон аз Тоҷикистон даъват кард, ки аз имконоти бандари Туркманбошӣ дар баҳри Хазар барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ муштаракан истифода кунад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Туркманистон омода аст, ки якҷо бо Тоҷикистон як долони нақлиётӣ эҷод кунад, ки ду кишварро бо дастрасӣ ба баҳри Хазар мепайвандад.
Дар ин бора Сардор Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон изҳор дошт, менависад рӯзномаи ҳукуматии "Бетараф Туркманистон".
Раҳбари Туркманистон пешниҳод кард, ки аз имконоти бандари Туркманбошӣ (собиқ Красноводск) дар баҳри Хазар истифода шавад.
Зимни суҳбат ӯ қайд кард, ки "авлавияти бечунучарои ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон имрӯз соҳаи нақлиёт мебошад".
Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҷо талошҳо бояд ба бунёди инфрасохтори тавоно ва муосир равона карда шаванд, ки муттаҳидшавии системаҳои нақлиётии Осиё, Аврупо ва Ховари Миёнаро таъмин намояд.
"Туркманистон омода аст истифодаи иншооти бандари байнулмилалии дарёии Туркманбоширо ба манофеи Тоҷикистон бо шартҳои мусоид баррасӣ кунад", - афзудааст Бердимуҳаммадов.
Вай ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки имкони аз сар гирифтани интиқоли мустақим ва транзитӣ байни Туркманистон ва Тоҷикистон баррасӣ шавад.
Бердимуҳаммадов таъкид кард, ки Ишқобод омода аст барои эҷоди як долони нақлиётӣ, ки Туркманистон ва Тоҷикистонро бо дастрасӣ ба баҳри Хазар мепайвандад, ҳамкорӣ кунад.
Ба андешаи ӯ, кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки роҳи мустақим ба уқёнуси Ҷаҳонӣ надоранд, бояд барои ворид шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ аз имконоти зерсохтори бандарии дарёи шарқии Хазар истифода кунанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар навбати худ изҳор дошт, ки кишварҳо нақша доранд ҳаҷми ҳамлу нақли бор аз тариқи автомобилӣ ва роҳи оҳан дар қаламрави ду кишварро афзоиш диҳанд.