https://sputnik.tj/20230511/darkhost-besh-az-hazor-tabiboni-tojik-baroi-kor-dar-rusiya-1057052172.html
Дархост беш аз ҳазор табибони тоҷик барои кор дар Русия
Дархост беш аз ҳазор табибони тоҷик барои кор дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Дархости муҳоҷирони тоҷик барои тасдиқи таҳсилоти тиббӣ ва дорусозӣ ва қабули минбаъдаи онҳо таҷрибомӯзии тиббӣ дар Русия ба маротиб афзоиш ёфтааст
2023-05-11T20:31+0500
2023-05-11T20:31+0500
2023-05-11T20:31+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
тасдиқ
кор
русия
пизишк
табиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102474/25/1024742580_0:160:3077:1890_1920x0_80_0_0_18aeb8ad29e26b93a043ea95aa0cf742.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Бар асоси иттилои “Росздравнадзор”-и Русия, ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани роҳхат ба таҷрибаомӯзии тиббӣ дар Русия муроҷиат кардаанд.Ин ниҳод омори мутахассисони хориҷиро дар соҳаи тиб ва дорусозӣ, ки соли гузашта дархости тасдиқи дипломҳояшон кардаанд, пешниҳод кардааст.Беш аз 50 дарсади довталабон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Украина мебошанд. Ҳамин тавр, аз мутахассисони тибби Тоҷикисто 1101 — 20,7% ва Украина — 1940 (36,5 фоиз) дархост қабул карда шудааст.Аммо бояд гуфт, ки бештар аризаи онҳо барои фиристодани мутахассисон ба хотири супоридани имтиҳони махсусе, ки барои дохил шудан ба фаъолияти касбӣ заруранд, рад шудааст.Сабаби асосӣ ин тафовут байни сатҳи омодагии ва талаботи тахассусӣ ба мутахассис дар Русия мебошад.Дар феҳрасти онҳое, ки хоҳиши дохил шуданро доранд, шаҳрвандони Қирғизистон – 617 нафар, 11,7%, Қазоқистон – 562 нафар, 10,6% ва Ӯзбекистон – 230 нафар, 4,4% мебошанд.Муайян карда мешавад, ки аз 5,3 ҳазор нафар мутахассисон 2,9 ҳазор нафар (56,5%) довталабон дорои маълумоти олии тиббӣ ва дорусозӣ мебошанд.Дар соли 2023 шумораи дархосту аризаҳо (нисбат ба соли гузашта 2,3 маротиба зиёд) дар бораи тасдиқи мутобиқати таҳсилоти хориҷӣ афзоиш меёбад.Қобили зикр аст, ки дар охири соли 2022” Росздравнадзор” шартҳои эътирофи дипломҳои хориҷии кормандони тиб ва дорусозонро сахттар кард.
https://sputnik.tj/20230222/vazorati-tandurust-istehsoli-doru-mavodi-tibbi-1055124802.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102474/25/1024742580_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_5e5a85c3b7afa7cc90bb8d100450c769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пизишкони тоҷик, тасдиқ, таҳсилот, кор, дархост, тандурустӣ
тоҷикистон, пизишкони тоҷик, тасдиқ, таҳсилот, кор, дархост, тандурустӣ
Дархост беш аз ҳазор табибони тоҷик барои кор дар Русия
Дархости муҳоҷирони тоҷик барои тасдиқи таҳсилоти тиббӣ ва дорусозӣ ва қабули минбаъдаи онҳо таҷрибомӯзии тиббӣ дар Русия ба маротиб афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Бар асоси иттилои “Росздравнадзор”-и Русия, ҳазорҳо шаҳрвандони Тоҷикистон барои гирифтани роҳхат ба таҷрибаомӯзии тиббӣ дар Русия муроҷиат кардаанд.
Ин ниҳод омори мутахассисони хориҷиро дар соҳаи тиб ва дорусозӣ, ки соли гузашта дархости тасдиқи дипломҳояшон кардаанд, пешниҳод кардааст.
Беш аз 50 дарсади довталабон шаҳрвандони Тоҷикистон ва Украина мебошанд. Ҳамин тавр, аз мутахассисони тибби Тоҷикисто 1101 — 20,7% ва Украина — 1940 (36,5 фоиз) дархост қабул карда шудааст.
Аммо бояд гуфт, ки бештар аризаи онҳо барои фиристодани мутахассисон ба хотири супоридани имтиҳони махсусе, ки барои дохил шудан ба фаъолияти касбӣ заруранд, рад шудааст.
Сабаби асосӣ ин тафовут байни сатҳи омодагии ва талаботи тахассусӣ ба мутахассис дар Русия мебошад.
Дар феҳрасти онҳое, ки хоҳиши дохил шуданро доранд, шаҳрвандони Қирғизистон – 617 нафар, 11,7%, Қазоқистон – 562 нафар, 10,6% ва Ӯзбекистон – 230 нафар, 4,4% мебошанд.
Муайян карда мешавад, ки аз 5,3 ҳазор нафар мутахассисон 2,9 ҳазор нафар (56,5%) довталабон дорои маълумоти олии тиббӣ ва дорусозӣ мебошанд.
Дар соли 2023 шумораи дархосту аризаҳо (нисбат ба соли гузашта 2,3 маротиба зиёд) дар бораи тасдиқи мутобиқати таҳсилоти хориҷӣ афзоиш меёбад.
Қобили зикр аст, ки дар охири соли 2022” Росздравнадзор” шартҳои эътирофи дипломҳои хориҷии кормандони тиб ва дорусозонро сахттар кард.