https://sputnik.tj/20230222/vazorati-tandurust-istehsoli-doru-mavodi-tibbi-1055124802.html
Вазорати тандурустӣ: Дар кишвар 55 муассиса ба истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ машғул аст
Вазорати тандурустӣ: Дар кишвар 55 муассиса ба истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ машғул аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи вазъи истеҳсоли доруворӣ ва маводи тиббӣ дар кишвар ва корхонаҳое, ки дар ин соҳа машғуланд маълумот дод
2023-02-22T19:05+0500
2023-02-22T19:05+0500
2023-02-22T19:21+0500
дар тоҷикистон
маводи доруворӣ
истеҳсол
вазорати тандурустӣ
тандурустӣ
тиббӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032750887_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_8cce1fd1dc1779b45aa6af4dbadaff71.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Соли 2022 дар Тоҷикистон 55 муассиса ба истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ машғул шуда, 315 номгӯи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба роҳ монданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 корхона ва 26 номгӯй зиёд мебошад, иттилоъ додааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.Бино ба иттилои манбаъ, соли сипаригардида барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ 258 иҷозатнома дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.Дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 156 млн. доллар дору ва молҳои тиббӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 25,3 млн. доллар зиёд мебошад.Инчунин содироти маводи фаъоли биологӣ дар ин давра 82,26 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63,25 млн. сомонӣ зиёд мебошад.Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти гумрук назорати сифати дорувории воридшаванда ва пешгирӣ кардани воридшавии доруҳои пастсифату муҳлаташон гузаштаро пурзӯр намудаанд.Таъкид шудааст, ки соли гузашта аз 154 муассисаи фарматсевтӣ 537 ва аз 231 муассисаи тиббӣ 288 номгӯй дору ва молҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯ набуда ва ба таври қочоқ воридшуда ба миқдори 84,1 тонна аз муомилот гирифта, нобуд карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 25,89 тонна кам мебошад.
https://sputnik.tj/20210726/tojikiston-doruvori-sodir-1041187613.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/03/1032750887_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_2885e5396ba487878883c4170b247053.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, доруворӣ, истеҳсол, маводи тиббӣ, коргоҳ
тоҷикистон, вазорати тандурустӣ, доруворӣ, истеҳсол, маводи тиббӣ, коргоҳ
Вазорати тандурустӣ: Дар кишвар 55 муассиса ба истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ машғул аст
19:05 22.02.2023 (Навсозишуда: 19:21 22.02.2023) Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар бораи вазъи истеҳсоли доруворӣ ва маводи тиббӣ дар кишвар ва корхонаҳое, ки дар ин соҳа машғуланд маълумот дод
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Соли 2022 дар Тоҷикистон 55 муассиса ба истеҳсоли дору ва маводи тиббӣ машғул шуда, 315 номгӯи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба роҳ монданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 корхона ва 26 номгӯй зиёд мебошад, иттилоъ додааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, соли сипаригардида барои машғул шудан ба фаъолияти фарматсевтӣ 258 иҷозатнома дода шуд, ки нисбат ба соли гузашта 3 адад зиёд мебошад.
Дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 156 млн. доллар дору ва молҳои тиббӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 25,3 млн. доллар зиёд мебошад.
Инчунин содироти маводи фаъоли биологӣ дар ин давра 82,26 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 63,25 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти гумрук назорати сифати дорувории воридшаванда ва пешгирӣ кардани воридшавии доруҳои пастсифату муҳлаташон гузаштаро пурзӯр намудаанд.
Таъкид шудааст, ки соли гузашта аз 154 муассисаи фарматсевтӣ 537 ва аз 231 муассисаи тиббӣ 288 номгӯй дору ва молҳои тиббии ба талабот ҷавобгӯ набуда ва ба таври қочоқ воридшуда ба миқдори 84,1 тонна аз муомилот гирифта, нобуд карда шуд, ки нисбат ба соли 2021 25,89 тонна кам мебошад.